Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии Ҳисор оғози расмӣ бахшиданд

Сентябрь 18, 2020 08:02

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Маркази калони байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” дар кӯчаи Уроқ Аловиддинов ҷойгир буда, бо тарҳи хеле зебо ва замонавӣ бунёд гардидааст.

Иншооти муосир аз 3 ошёна иборат аст ва дорои шароиту имконоти мусоиди хизматрасонии сатҳи баланд мебошад.

Бинои наву замонавӣ дар масоҳати умумии 16 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар мамлакат макони мусоиди корию хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.

Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” дар доираи тадбирҳои ободонӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ сохтани сифати савдою хизматрасонӣ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсена” ба истифода дода шуда, дар доираи ҳамкории минбаъдаи тиҷоратӣ хати истеҳсолии беш аз 60 корхонаи бонуфузи вилояти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешавад, ки ин раванд ба рушди ояндаи соҳаи саноати мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири байналмилалӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ, ки яке самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, ояндаи наздик бо амалишавии ҳадафҳо беш аз 800 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мешаванд.

Дар ин бино барои дастрасии аҳолӣ ва дар доираи ҳамкории муштарак ба роҳ мондани содироти техникаву механизмҳои кишоварзии истеҳсоли ватанӣ ба кишварҳои ҳамсоя, ки феълан 30 намуди он дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор васлу насб карда мешаванд, шароити мусоиди намоиш ва фурӯши тракторҳо муҳайё гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус 16 майи соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуда, дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар 8 моҳи соли 2020 ба маблағи 9,4 миллион сомонӣ техникаи кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд мебошад.

Аз замони оғози фаъолияти корхонаи мазкур, ки мақсади асосии таъсиси он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиши воридоти маҷмӯи ин намуди техникаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз ба ҳадафҳои худ расид ва дар доираи ҳамкории судманд трактор ва дигар намуди техникаҳои кишоварзии истеҳсоли ватанӣ ба давлатҳои ҳамсоя содирот карда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири маркази байналмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон яке аз аввалинҳо ба шумор меравад, шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватанӣ Комил Холиқовро ҷиҳати бунёди чунин бинои боҳашамати дорои имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ва ҷалби шарикони рушд, ки ба пешрафти соҳаи савдою саноат заминаи мусоид мегузорад, намунаи ибрат хонданд. Таъкид гардид, дар Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорон тамоми имконот мавҷуд мебошад ва онҳо бо истифода аз имтиёзҳои пешбининамудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат метавонанд дар тадбирҳои ободонӣ саҳми босазо гузоранд.

Дар маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” ба Президенти мамлакат ҳамзамон намунаи зиёди маҳсулоти саноатии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Ҳисор, ки дар ошёнаи сеюми бино ҷойгир аст, муаррифӣ гардид. Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолнамудаи 30 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои “Авитсена”, “Висол”, “Корвони аср”, “Истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик”, “Файзи истиқлол” ва дигар ширкатҳое, ки айни ҳол фаъолияти пурсамар доранд, намоиш дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони истиқлоли давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ соҳаи саноати шаҳри Ҳисор ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, бо бунёду навсозии 69 коргоҳу корхонаи саноатӣ 1 ҳазору 208 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Тавре таъкид гардид, шурӯъ аз соли 2018 дар доираи иқдомҳои созанда ба ифтхори 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва содироти маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба хориҷи мамлакат 14 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки маблағи умумии истеҳсоли маҳсулот дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маҷмӯи корхонаҳо 144 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорон корҳои сохтмонӣ дар 8 корхонаи нави саноатӣ вусъат дошта, бештари онҳо соли 2021 мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас доранд, ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти хушсифати ватанӣ, тақвияти ҳамкории судманд бо шарикони рушд ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи мамлакат, ки ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид мегузорад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи маркази байналмилалии савдо Ифтитоҳи маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии Ҳисор 18.09.2020ва хизматрасонии Ҳисор 18.09.2020

Сентябрь 18, 2020 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд