Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ дар ноҳияи Восеъ боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар ноҳияи Восеъ аз боғи интенсивии Ҷамъияти дорои маҳсулияти маҳдуди «Хушсифат»-и деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи интенсивӣ, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур чанд сол қабл бунёд гардида, дар он дарахтони ба шароиту иқлими ин минтақаи кӯҳдоман мувофиқ шинонида шудааст. Имкон аст, ки аз ин боғ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва боғпарварон дастур доданд, ки дар оянда ҷиҳати ба маротиб зиёд кардани истехсолоту содироти меваи хуштамъ ва меваи хушк майдони боғи мазкурро васеъ намоянд, зеро аз чунин мавзеъҳои кӯҳдомани мавҷуда истифода намуда, бештар боғҳои интенсивӣ бунёд карда, дар ин замина ҷойҳои кории нав таъсис додан имконпазир аст.
Бо дарназардошти хусусияти хуби биологию истеҳсолӣ ва сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар ин мавзеи кӯҳдоман барои таъмини рушди соҳа ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар 24 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа бунёд карда шуда, дар баробари себ зиёда аз 7 намуди дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олуи сиёҳ, зардолуи мирсанҷалӣ, бодом, хурмо, гелос ва писта парвариш карда мешаванд. Дар боғи мазкур дар як гектар зиёда аз ҳазор бех ниҳол парвариш карда мешавад. Бо андешаи мутахассисон, чунин боғҳо зуд ба самар омада, дар соли сеюм ё чорум аз ҳар ниҳоли себ 15-20 килограмм мева истеҳсол карда мешавад.
Бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот ва бо оби полезӣ таъмин кардани боғи интенсивӣ бо дарназардошти шароиту имконияти мавҷуда дар ин мавзеъ пойгоҳҳои барқии обкашӣ фаъол гардонида шудаанд. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки бунёди боғи интенсивӣ ва серҳосилии ниҳолҳои мевадиҳанда ба шароиту иқлими чунин мавзеъҳои кӯҳдоман мувофиқ мебошад ва нашъунамои дарахтону афзоиши истеҳсоли маҳсулот нисбат ба боғҳои пешин зиёд хоҳад гардид.
Бо сабаби сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ сабзишу ҳосилбандии ниҳолҳо хеле беҳтар гардида, солҳои наздик ҳосилнокии ҳар ниҳоли себ ба 20-25 килограммӣ расонида мешавад. Барои дар асоси технология васеъ кардани майдони боғ дар ин мавзеъ парвариши ниҳоли мевадиҳандаи ситрусӣ гармхона мавҷуд аст.
Дар боғи интенсивӣ дар баробари дарахтони мевадиҳанда ҳамчунин дарахтони ороишӣ низ парвариш ёфта, барои боз ҳам зебою дилкаш гардидани ду шафат ва дохили боғи мазкур гулу буттаҳои зиннатбахш шинонида шудаанд. Ҷамъоварию хушк намудани мева дар боғи мазкур идома дорад.
Мутахассисону масъулин мақсад доранд, ки вобаста ба шароиту иқлими ин мавзеъ ва анҷом додани корҳои агротехникӣ ҳосилнокии ҳар гектарро тақвият бахшида, дар оянда аз майдони 4,5 гектар боғи себ қариб 200 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






