Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Восеъ туҳфа тақдим намуданд

Сентябрь 24, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар тарабхонаи “Истиқлол”-и ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба беш аз 100 нафар кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир аз падару модари худ маҳрум мондаанд, туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.

Тӯҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмӯи сару либоси зимистона ва тирамоҳӣ, аз ҷумла шиму кастюм, курта, ҷӯробу пойафзол, болопӯш ва китобу дигар лавозимоти хониш иборат мебошанд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ба ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои раъиятпарвар ва хайрхоҳу дурандеши миллат маблағҳои пулӣ ҳадя карда шуд.

Ятимони кулл Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ истиқбол гирифта, бо хушнудии беандоза аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарони олии мамлакат нисбат ба онҳо ёдовар шуданд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ ятим аз лутфу меҳрубонии падаронаи Президенти мамлакат бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Ин аст, ки ятимон ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис намекунанд ва бовар доранд, ки дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фарохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат хоҳанд намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, нафарони имконияташон маҳдуд ва дигар шахсони ба онҳо баробар мавқеи меҳварӣ дорад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба самти фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум равона гардидаанд ва дар ин қатор дастгирии табақаи ниёзманд, аз қабили ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташан маҳдуд авлавият дорад.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактаб — интернатҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, яъне дорои шароити олии донишандӯзӣ, муассисаҳои махсуси таълимӣ барои маъюбон ва дигар иншоот барои табақаи ниёзманди ҷомеа бунёд карда шудаанд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накӯи ниёгон шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ пайваста анҷом медиҳанд.

Тибқи маълумот, имрӯз дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 1491 ятим, аз ҷумла 41 ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд.

Ятимони кулли шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кул дар ноҳияи Восеъ 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид