Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 24, 2020 08:36

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ифтитоҳ карданд.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дорои 7 утоқи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, як ҳуҷра барои қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ду ҳуҷра барои меҳмонон, китобхона, ошхона ва дигар утоқҳои зурурӣ буда, дар он барои кормандон имкони созгори фаъолият муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон ба хотири сари вақт ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расонидани масъулияти бардӯшдоштаи кормандон бино бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бештари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ташкил медиҳанд.

Барои ободу зебо гардонидани атрофи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ниҳоли сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудаанд, ки ба ҳусни як гӯшаи шаҳраки Ҳулбук зебоии дигар зам мекунанд.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро соҳибкорону шахсони саховатпешаи ватанӣ дар доираи пуштибонӣ аз сиёсати созандаву муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир бунёд намудаанд.

Ба истифода супоридани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ва фароҳамсозии имкони созгори фаъолият ҳавасмандии кормандонро ба миён оварда, онҳо иқдом гирифтаанд, ки бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои наҷибу созандаи Роҳбари муаззами ҳизб дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад