Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 29, 2020 09:28

ДУШАНБЕ, 29.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муҳташами баландошёнаи истиқоматиро, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо аз як, ду ва сехонагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо бунёд ёфтаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои истиқоматӣ соли 2017 оғоз ёфта, дар идомаи корҳои сохтмонӣ зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.

Зимни сохтмон ба масъалаи сифати маҳсулот ва корҳои анҷомёфта диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шудааст. Бинои нав ҳамчунин бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро ёфта, ҳар қисми он бо ду адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ иншооти мазкур аз шаш қисм иборат мебошад.

Иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” бо сифати баланд бунёд гардида, шаклу намои зебои иншоот ба ҳусни пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе зебоии дигар зам мекунад. Хусусан намои берунаи бинои истиқоматӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва тарҳи муосиру мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар бинои истиқоматӣ ҳамчунин таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна, ки имконияти ғунҷоиши 285 нақлиёт дорад, бунёд ёфта, дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили дастрасӣ ба системаи мутармарказонидашудаи гармидиҳӣ низ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин дар бинои баландошёна марказҳои хизматрасониву савдо ташкил гардидааст.

Атрофи иншоот бо санъати баланд оро ёфта, дар он барои бозиву дилхушии кӯдакон майдончаи алоҳида, барои дӯстдорони варзиш майдони бозиҳои футболу баскетбол ташкил гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назди бино барои машқу тамрини пагоҳирӯзӣ дастгоҳу лавозимоти варзишӣ васлу насб гардидаанд, ки сокинон метавонанд аз он истифода баранд. Дар назди бино ҳамчунин як фаввораи зебо ва нишастгоҳҳои замонавӣ дар хизмати сокинон қарор доранд.

Хусусан саҳни иншоот шомгоҳон зебову дилрабо буда, майдонча, майдони бозии кӯдакон ва роҳравҳо пурра чароғон карда шудааст. Худи бинои истиқоматӣ низ бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.

Зимни боздид ва суҳбат бо сохтмончиён Президенти мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои нигоҳдории хуби имконоти фароҳамовардашуда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд, то шаҳрвандон дар баробари истиқомат, ҳамчунин солиёни зиёд тавонанд аз чунин имконоти замонавӣ истифода баранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти бинои нав нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Дар бинои замонавӣ 76 корманди ниҳоди мазкур соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд. Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоиста ва шароити созгори хизмат барои хизматчиён, афсарони Артиши миллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити муосири кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои баландошёнаи истиқмоатӣ бо 591 хонаи барҳаво идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 29.09.2020

Сентябрь 29, 2020 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад