Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Тоҷикистон» барои 600 ҷойро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 29, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Донишро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла толорҳо барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду адад ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарон ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт мебошад.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” буда, маблағи умумии бунёду муҷаҳҳазгардонии иншоот 51 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин муассисаи томактабӣ 118 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Лоиҳаи иншоот аз тарафи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пажӯҳишгоҳи илмӣ — лоиҳакашии “Пирамида” бо инобати мавқеи ҷойгиршавиаш ба таври ҷолибу афсонавӣ таҳия гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконоти ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти кӯдакон синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳаз шудаанд.

Ҳар ошёна барои 8 гурӯҳи кӯдакон тарҳрезӣ гардидааст. Сохтмони бинои кӯдакистон дар майдони 10 436 метри мураббаъ сурат гирифтааст. Масоҳати умумии иншоот 12 000 метри мураббаъро ташкил дода, ҳар ошёнаи он аз 2400 метри мураббаъ иборат мебошад.

Дар саҳни кӯдакистон фаввораҳои замонавӣ, майдончаҳои бозии футбол, майдончаҳои бозии кӯдакон, соябонҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, таваққуфгоҳи автомобилӣ бо сифати баланду ороиши муосири меъморӣ бунёд ёфтаанд.

Дар таҳхонаи иншоот ошпазхона, анбор, ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраҳои дастурӯшӯйии кӯдакон, ҳуҷраи шустушӯи либосу матоъҳо, ҳуҷраи дарзмолкунӣ, ҳуҷраи машваратӣ, ошхона, ҳуҷраҳои мураббиён, 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои ҳавзҳои шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникию муҳандисии бино ва ҳуҷраҳои хоҷагидорӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи якуми бино 8 гурӯҳи алоҳида ҷудо карда шудааст, ки ба ҳар гурӯҳ 25-нафарӣ кӯдак рост меояд. Дар ҳар гурӯҳ синфхона барои дарсхонӣ, ҳуҷраи бозикунӣ, ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи санитарӣ барои мураббиён ва хурдсолон ва ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ сохта шудааст.

Маркази дилхушии кӯдакон бо таҷҳизоти замонавӣ дар масоҳати 415 метри мураббаъ дар ошёнаи дуюми кӯдакистон сохта шуда, дорои муосиртарин шароит барои фароғати хурдсолон мебошад.

Толор барои гузаронидани маҷлису чорабиниҳо бо 224 ҷой дар ошёнаи сеюми бинои муассиса бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи чоруми Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои кӯдакон синфхонаҳои дарсҳои иловагӣ, китобхонаҳо, ҳуҷраҳои компютерӣ ва дар қисмати дигари он толорҳои варзишӣ, гимнастика, таэквандо, акрабатика, толори расмкашӣ, мусиқӣ ва курсҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Дар сохтмони иншоот 600 нафар бинокор ва дигар мутахассисони соҳа дар ду баст фаъолият карданд.

Дар рафти сохтмон коргарон ба истифодаи маҳсулоти бехатари сохтмонӣ, насби таҷҳизоти муосиртарини огоҳкунанда аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ, инчунин иҷрои саривақтию босифати корҳо дар иншоот, истифодаи  масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла маҳсулоти ороишӣ ва таҷҳизоту васоили истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бо риояи талаботи шаҳрсозии муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Барои ободонии атрофи Муассисаи томактабӣ низ корҳои мушаххас амалӣ шудаанд. Дар иншооти нави замонавӣ барои таъмини бехатарӣ 300 адад таҷҳизоти огоҳкунӣ аз сӯхтор ва 210 камераи мушоҳидавӣ насб гардидаанд.

Барои ободу зебо гардонидани саҳн ва атрофи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” 1160 метри мураббаъ мумфарш, 2545 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш гардида, 300 ҳазор гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Равшаннамоии иншоотро 49 адад фурӯзонак таъмин мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти муосиру хуштарҳро ба кӯдакони хуштолеи мамлакат муборакбод гуфтанд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози мамлакат ва инчунин беҳтар намудани омодагии томактабии кӯдакону наврасон бо дарназардошти нишондиҳандаҳои Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ яке аз масъалаҳои  мавриди таваҷҷуҳи роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.

Ин аст, ки солҳои охир дар раванди амалишавии сиёсати созандаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёди иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз авлавиятҳои хос бархурдор аст.

Давоми солҳои 2017 то 8 моҳи соли 2020 дар шаҳри Душанбе 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 30 932 ҷой дар ду баст бунёд гардидааст.

Дар ин давра 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1010 нафар бунёду навсозӣ карда шудааст.

Айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони 12 мактаб барои 13900 хонанда ва бунёди 5 муассисаи томактабӣ барои 1350 нафар оғоз шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Татбиқи амалии ҳамаи тадбирҳо дар соҳаи маориф имкон медиҳад, ки сокинони пойтахт аз муосиртарин шароити илму донишандӯзӣ бархурдор гарданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 29.09.2020

Сентябрь 29, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон