Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуданд

Сентябрь 29, 2020 19:08

ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи онҳоро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштанд.

Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид карданд.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир, дар асоси тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, як қатор мулоқоту музокироти судманди ҷонибҳо сурат гирифт.

Аз ҷумла, ҳайати намояндагии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони парлумони Тоҷикистон мулоқот кард.

Конфронси муштараки илмию амалӣ ва дар Душанбе мулоқоти намояндагони зиёиёни эҷодкори ду кишвар баргузор гардид.

Ҳайати Ӯзбекистони дӯст дар таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ширкат варзид.

Муассисаи таълимии умумӣ дар минтақаи Спитамени Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Имрӯз, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон “Artel Avesto Electronics” ифтитоҳ ёфт.

Ин ва дигар рӯйдодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои мо, сарфи назар аз ҳама мушкилоти объективии замон, тавонистанд ҷараёни мусбии муносибатҳояшонро нигоҳ доранд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Пешвои миллат аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намуданд.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Ҷонибҳо инчунин дар бораи аҳамияти минбаъд низ гуногуннавъ гардонидани сохтори тиҷорат ва рафъи монеаҳои техникӣ дар соҳаи тиҷорат, идомаи корҳо оид ба ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳо ва филиалҳои ширкатҳои тарафҳо дар қаламрави якдигар, пурратар истифода бурдани иқтидори назарраси ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар сӯҳбат карданд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

Дар охири сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар самти идомаи татбиқи модели рушди Ӯзбекистон муваффақиятҳо ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъда таманно карданд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов 29.09.2020

Сентябрь 29, 2020 19:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд