РОҲИ ДАВЛАТҲОИ ДИНМЕҲВАР СӮИ ВАРТА АСТ! Рустам Ҳайдаров баъди тамошои филми «Хиёнат» андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» баён дошт
ДУШАНБЕ, 23.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо талошу заҳмати мутахассисони соҳаи телевизион саҳифаҳои тираи солҳои 90-уми таърихи халқи тоҷик варақгардон шуда, нақшаҳои хабисонаи душманони миллати мо, махсусан роҳбарону аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар доираи филми мустанади “Хиёнат” бо далелу рақамҳои муътамад давра ба давра ба маърази тамошои сокинони ҷумҳурӣ гузошта шуданд. Ҳарчанд дидани саҳнаҳои даҳшатбори амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии наҳзатиҳо ва хоҷагони хориҷии онҳо душвор бошад ҳам, вале ин наворҳо ба мисли оина асли рӯйдодҳоро нишон медиҳанд, ҳақиқатеро, ки наҳзатиҳо бо тамоми талоши имрӯзаи худ бо роҳи паҳн кардани бофтаҳои дурӯғин ва беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргиз наметавонанд онро инкор кунанд.
Вобаста ба мавзӯъ Рустам ҲАЙДАРОВ, доктори илмҳои фалсафа, муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИ Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:
— Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ қисматҳои нави филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шуд. Дар ин филми ҳуҷҷатӣ дар асоси далелҳои раднопазир дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ сухан мерафт. Таҳия ва ба намоиш гузоштани чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ, албатта як иқдоми саривақтӣ ва мубрам мебошад, зеро имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ фаъолияти зиддимиллии худро аз хориҷи кишвар идома дода истодааст.
Чуноне, ки дар филм омадааст, фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз рӯзи таъсисаш мазмуну мундариҷаи зиддитоҷикӣ дошта, аъзоёни ин ташкилоти террористӣ барои ташкили давлати исломӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта даст ба ҷиноят ва амалҳои мудҳиш бар зидди ҳамватанони худ задаанд.
Ифротгароёни динӣ баҳри эъмори давлати динмеҳвар, ки аслан моҳияти ҷаҳолатгаро дорад, дар ҳама давру замон даст ба қатли олимон, зиёиён ва равшанфикрон мезаданд. Чӣ тавре, ки аз мундариҷаи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бармеояд, ТТЭ ҲНИ низ даст ба куштори олимон, рӯзноманигорон ва аҳли зиёи тоҷик задааст, зеро ин қишри солимфикр садди ҷиддие дар роҳи интихобкардаи мутаассибони динӣ буданд ва мебошад. Имрӯз ҳам аъзоёни дар ҷустуҷӯ қарордоштаи ТТЭ ҲНИ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Интернет бар зидди равшанфикрон, рӯзноманигорон ва олимони тоҷик, ки бар зидди идеологияи зиддитоҷикии ТТЭ ҲНИ мубориза мебаранд, таҳқиру таҳдидҳои лафзӣ мекунанду онҳоро тарс додан мехоҳанд.
Чуноне аз далелҳои дар филми “Хиёнат” овардашуда бармеояд, яке аз ҷиноятҳои мудҳиши ТТЭ ҲНИ — ин амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии аъзоёни ин ташкилоти террористӣ нисбати бонувони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Шоҳидони таҳқиру куштори занони тоҷик аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо далелҳо дар бораи рафтори ғайриинсонии ифротгароёни динӣ дар филми “Хиёнат” ёдоварӣ менамоянд. Муносибати ҷомеа ба бонувони худ инъикоси рушди тамаддун ва фарҳанг дар ин ҷомеа аст. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо ҷомеаҳои динзада ва рушднаёфта ба бонувони худ муносибати ғайриинсонӣ мекунанд. Филми мустанади “Хиёнат” тавонист муносибати воқеии аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро, яъне муносибати ғайрахлоқӣ ва зиддиинсонии онҳоро дар нисбати бонувони тоҷик нишон диҳад.
Ифротгароёни динии тоҷик дирӯз ва имрӯз ҳам аз он ҳақиқат бехабаранд, ки муносибати эҳтиромонаи ҳар як шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман бонувон — ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Ҷомеа ва шахсоне, ки нисбати модар ва бонувони худ беэҳтиромиро раво мебинанд, ҳеҷ гоҳ рушд намекунанд. Дар фарҳанги куҳанбуёди тоҷикон мақоми Модар — зан хеле олӣ аст. Агар ба “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ рӯ биоварем, пас мебинем, ки модару бонувони мо на танҳо паҳлавонҳоро ба дунё меоварданд, балки худ, дар ҳолати зарурӣ ба мисли Гурдофарид ба дифои давлату сарзаминашон мебаромаданд. Зани тоҷик дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ ва шуҷоат, меҳру садоқат буд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ кору фаъолият доранд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки стереотипҳои куҳна ва ғайриинсонии диниро дар бораи бонувон дар ҷомеаи муосири тоҷик шикаст дод. Мувофиқи ақидаҳои ғайриинсонии мутаассибони динӣ, вазифаи зан аз таваллуди фарзанд ва аз кадбону будан иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи ақидаи экстремистони динӣ, аз ҷумла аъзоёни ТТЭ ҲНИ, таҳсил кардан, фаъолият кардан дар корхонаҳои давлатӣ, соҳибкорӣ кардан барои бонувони тоҷик манъ аст. Ба сифати далел муттаассибони динӣ афкори догматикии асримиёнагиро мисол меоваранд. Экстремистони динӣ, яъне меъморони давлати динмеҳвар бо такя ба ақидаҳои ифротии динӣ дар ҳама давру замон ба зан ҳамчун як шахси дуюмдараҷа муносибат мекарданд ва мекунанд. Филми “Хиёнат” дар асоси далелҳо дар бораи муносибати ғайриинсонии наҳзатиён ба бонувони тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ як иттиллооти раднопазир пешниҳод кард. Албатта сарманшаъи ин гуна афкору сиёсати зиддиахлоқии аъзоёни ТТЭ ҲНИ нисбати бонувони тоҷик, пеш аз ҳама, аз дастуру ҳидоятҳои хоҷагони хориҷии онҳо бармеояд.
Ба фикри мо, ҳар миллате, ки ба бонувони худ ҳамчун ба шахси дуюмдараҷа муносибат намуда, ба онҳо имконияти таҳсил ва кору фаъолият кардан, имконияти интихоби ҳамсар, интихоби касб ва ҳатто интихоби либосро намедиҳад, ин гуна миллатҳо оянда надоранд. Танҳо миллатҳое, ки ба модар ва бонувони худ ҳамчун ба ганҷинаи миллӣ муносибат мекунанд, ба назари мо соҳиби саодати комил хоҳанд буд. Саломатии модар — зан, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии ӯ ин инъикосгари саломатӣ ва ҳолати равонии тамоми миллат аст. Танҳо модар ва зани хушбахт метавонад насли солимро барои миллати худ ба дунё биоварад. Модарон ва бонувони тоҷик бо хизмати ҳаррӯзаи худ баҳри хушбахтии оила, таваллуд ва тарбияи фарзанд, бо саҳми худ дар таҳкими Истиқлоли давлатии кишварамон сазовор ҳастанд, ки дар радифи сарватҳои ганҷинаи миллиамон ҷой гиранд.
Филми “Хиёнат” барои мо як ҳушдоре аз қаъри таърихи навини тоҷик ирсол намуда, бори дигар таъкид мекунад, ки тафаккури динзада ба фанои ҷомеа ва давлатҳо оварда мерасонад. ТТЭ ҲНИ бо афкори асримиёнагии худ зидди сулҳу субот ва тараққиёти Тоҷикистон аст. Онҳо имрӯз асосан бо паҳн кардани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ машғул ҳастанду тоҷиконро бо ҳадафҳои махсуси ғаразнок ба диндору атеист тақсим карда, дар ҷомеаи мо тафриқа эҷод месозанд. Ҳатто сарулибосро ба мусулмонӣ ва куфр тақсим мекунанд. Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи дунё одамон аллакай ба хулоса омадаанд, ки дину диндорӣ, либоспушӣ кори шахсии ҳар як фард аст, онҳо ба диндории маҷбурӣ ниёз надоранд. Давлатҳои пешрафтаи дунё, ҳатто давлатҳои мусулмоннишини араб, кайҳо боз аз чунин баҳсу мунозираҳои ғайримантиқӣ ва бемаъно даст кашида, имрӯз дар бораи фатҳи кайҳон, кашфи доруи зиддивирусӣ, ихтироъи асбоби нав ва амсоли инҳо андеша доранд. Онҳо илм меомӯзанду кашфиёти илмӣ мекунанд ва пойбанди афкори ғайриилмии диние, ки чандин асрҳо пеш эҷод шудаанд, нестанд. Бубинед, ягон давлати дунё, ки мардумаш тафаккури динмеҳвар дорад, натавонистааст ба сатҳи давлатҳои рушдёфтаи Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва Осиё бирасанд. Давлатҳои динмеҳвар то ҳол дар радифи кишварҳои қафомондаи дунё ҷойгир мебошанд ва дар даҳсолаҳои оянда низ ҳамчун кишвари ақибмондатарини ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳанд дошт. Онҳо имрӯз, аз сабаби он ки роҳбарият ва аксарияти мардумаш тафаккури ғайриилмии динӣ доранд, ҳатто боигарии табии худро ба нафъи миллати худ ва зиндагии осоишта истифода бурда наметавонанд.
Филми “Хиёнат”, ки дар руҳияи баланди ватандорӣ ва тарбиявӣ таҳия гардидааст муборизаҳои мардуми тоҷикро бар зидди душманони миллат, яъне ифрогароёни динӣ, хеле хуб инъикос намудааст ва паёме ба насли навраси тоҷик фиристода, таъкид мекунад, ки мо — посдорони истиқлоли миллӣ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Филми “Хиёнат” ба ҷомеаи тоҷик ҳушдор медиҳад, ки ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш то ҳол аз ҳадафҳои нопоки зиддимиллии худ, яъне эъмори давлати исломӣ ва зиддитоҷикӣ даст накашидааст. Мо — аҳли зиё, олимон, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз бояд ғофил набошем, бетараф набошем ва атрофи роҳбарияти кишвар муттаҳид шавем ва истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботро ҳифз намоем!