Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 16, 2020 10:28

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифовро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дорои 200 кати хоб мебошад.

Бино бо маблағи 6 миллион сомонӣ бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои сактаи миокард, фишорбаландии шараёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил иборат аст.

Дар баробари ин дар маркази мазкур шуъбаҳои бемориҳои музмини ишемиявии дил ва номураттабии кори дил, шуъбаи қабул бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, шуъбаи ташхис, таҳлилгоҳи биохимиявӣ ва ҳуҷраҳои табобатии физиотерапевтӣ, сӯзангузорӣ ва маҳс мавҷуд мебошанд.

Дар таҳхонаи ин иншооти хуштарҳу замонавии соҳаи тандурустӣ дармонгоҳи маслиҳатдиҳӣ, ҳуҷраҳои рентген ва ангиографӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи гиёҳдармонӣ ташкил карда шудааст, ки истифодаи самарабахш аз 60 номгӯй гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 40 номгӯй ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад. Айни замон дар ин Марказ беш аз 300 нафар корманди дарҷаи олӣ ва миёна фаъолият доранд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар ин муассисаи нави тиббӣ баҳои баланд доданд.

Ҳукумати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он тамоми имконотро равона намудааст.

Илова ба бунёди бинои нав дар Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят 3 бинои дигар мавҷуд аст, ки онҳо низ пурра таҷдиду навсозӣ гардиданд.

Сохтмони бинои нави ин марказ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатӣ моҳи августи соли 2018 оғоз гардида буд.

Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чунин иншооти муосир дар муддати кӯтоҳ гувоҳи татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ буда, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Масоҳати умумии ин муассисаи соҳаи тандурустӣ 3,5 гектарро ташкил дода, ҳудуди он ободу зебо гардонида шудааст.

Тарҳи зебои бинои навсохт, роҳравҳои сафолакпӯш, фаввораҳои ранга, 10 айвон, нишасткурсиҳо ва саҳни он бо беш аз 400 ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва 58 ҳазор бех гулҳои ороишии мавсимӣ зиннат ёфтааст, ки диққати ҳар нафарро ба худ ҷалб мекунад.

Соҳаи тандурустӣ аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, бо талошҳои пайгирона ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Инак, бо бунёд ва ба истифода додани бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ, ки қаблан аксари сокинон барои анҷом додани он ба хориҷи мамлакат сафар мекарданд, дар дохили ҷумҳурӣ бо истифода аз шароити зарурӣ, муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва харҷи ками маблағ ба роҳ монда шуд.

Дарвоқеъ, бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъи иншооти соҳаи иҷтимоӣ беҳтар гардида, барои солимии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 16.09.2020

Сентябрь 16, 2020 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар