Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз «Боғи Сомон» дидан карданд

Сентябрь 7, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заминҳои «Боғи Сомон» дар Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» шинос шуданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ бо рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020», татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешаванд.

«Боғи Сомон» бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, 1100 нафар саҳмдор дорад.

Боғи Сомон яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд.

Дар ҷамъбасти соли 2019 хоҷагӣ 4692 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳм гузошт.

Имсол низ ҳосил фаровон буда, то имрӯз аз токзор  беш аз 700 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шуд.

Дар «Боғи Сомон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосили фаровони ангурзор пешкаш гардид.

Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.

Дар хоҷагӣ бунёди сардхона роҳандозӣ гардида, ғунҷоиши маҳсулот дар сардхонаҳои хоҷагӣ ба 2 ҳазор тонна расонида шуд, ки ба ин васила хоҷагидорон метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ таъмин намоянд.

Роҳбарии Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол»-ро Маҳмадамин Камолов — писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Камол Мадумаров ба уҳда дорад.

Хоҷагӣ баробари парвариши намудҳои гуногуни ангур, ба чорводорӣ, аз ҷумла парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ зиёда 4800 сар чорвои хурд ва бештар аз 60 сар чорвои калони шохдорро дар ихтиёр дорад.

Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои хайр ва дастгирии табақаи ниёзманд саҳми муносиб мегузоранд.

Дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии коронавирус аз ҳисоби даромади соф аз тарафи хоҷагӣ ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гузаронида шуда, ба беморхонаи марказӣ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид.

Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ назаррас аст. Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба уҳда доранд.

Бо роҳи бунёди 3 чоҳи амудӣ сокинони 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Бо дастгирии хоҷагӣ сокинон бо таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори пурсамару боровари боғдорон баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки боғдорони шаҳри Турсунзода Неъматҷон Усмонов ва шодравон Камол Мадумаров мактаби махсуси худро дошта, бо фаъолияти намунавии худ дар роҳи парвариши ангур Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ кардаанд.

Аз ҷумла, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони як қатор давлатҳои хориҷи дуру наздик аз ин боғҳо боздид кардаанд.

27 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода дар Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ҳоҷӣ Камол» дидан намуданд.

Сарони давлатҳо зимни боздид аз майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар онҳо парвариши навъҳои ангури хуштамъ бо санъати шоистаи касбӣ парвариш меёбанд ва дорои талабгорони зиёд дар бозорҳои минтақа мебошанд, баҳои баланд доданд.

29 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ҳоҷӣ Камол» шиносоӣ пайдо намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко зимни боздид аз ангурбоғи ин хоҷагӣ ба усули парвариши ин навъи меваи хуштаъм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва барои роҳандозии ҳамкорӣ дар ин самт, махсусан бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус таъкид карда шуд.

Боздид аз “Боғи Сомон” дар шаҳри Турсунзода 07.09.2020

Сентябрь 7, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд