Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-ро дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 7, 2020 08:19

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан”- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат нахуст бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳи барқӣ,  воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Дар бинои танзим ва ҳимояи релегӣ нақшаи якхатаи зеристгоҳи мазкур, ки пойгоҳи асосии идораи таъминкунандаи неруи барқ маҳсуб мешавад, муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки шиддати зеристгоҳи барқии “Равшан” то татбиқи лоиҳа бо дарназардошти сохтори техникӣ дар сатҳи 220/35/10 кВ фаъолият мекард. Дар заминаи васеъсозӣ ва насби дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ  иқтидори он ба 220/110/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 270 МВА ба 400 МВА баланд бардошта шуд.

Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан” солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дастгоҳу таҷҳизоти он бо сабаби истифодаи тӯлонӣ қисман фарсудаву корношоям гардида буданд.

Барои барқарорсозии зеристгоҳи мазкур ва мувофиқ намудани таҷҳизоти он ба стандарти муосир, бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаи таҷдид зеристгоҳи барқии “Равшан” пурра навсозӣ гардида, дар рӯзҳои таҷлили 29 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастоварди беназир дар соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад.

Мавриди таъкид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат неругоҳҳои хурду бузург бунёду навсозӣ гардида, зеристгоҳҳои барқӣ низ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд, ки сифати таъминоти неруи барқ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардид.

Вобаста ба талаботи муштариён миқдори истифодаи неруи барқ дар зеристгоҳи мазкур шабонарӯзӣ 550 мегаватт неруи барқро ташкил медиҳад.

Зеристгоҳи барқии “Равшан” дар баробари таъмини пурраи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Турсунзода  ҳамзамон қисман ноҳияи Шаҳринавро бо барқи сифатан хуби истеҳсоли ватанӣ таъмин менамояд.

Фармоишгари лоиҳа Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонида шуд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи мақсадноки неруи барқ ва таъмини босифати он ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъмини доимии неруи барқ дар фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ ва афзун гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ низ мусоидати фаъол менамояд. Зеристгоҳи барқии “Равшан” бо назардошти рушди ояндаи инфрасохтори шаҳр, яъне бунёд гардидани боз даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун аз нав таҷдид шуда, ин тадбир ба рушди минбаъдаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки шаҳр заминаи мусоид мегузорад.

Дар доираи лоиҳа, тавассути васлу насби ду адад автотрансформатори иқтидорашон 125 МВА, ду адад трасформатори шиддаттанзимкунандаи 40 МВА, як адад трансформатори шиддатбаландкунандаи 25 МВА, гурӯҳи васлакҳои элегазӣ ва ҷудокунакҳои барқӣ, равоқпояҳо, трансформаторҳои шиддат ва ҷараён, гурӯҳи реакторҳо, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи 10 кВ ва дигар таҷҳизоти барқӣ, бунёди бинои нави дастгоҳҳои тақсимкунанда ва бинои нави идоракунӣ навсозӣ гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа ҳамзамон таҷдиду навсозии зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” дар шаҳри Турсунзода амалӣ гардид.

Дар зеристгоҳи мазкур ду адад трансформатори 25 МВА насб гардидааст. Зеристгоҳи барқии 35/ 10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” пас аз навсозӣ аз зеристгоҳи барқии 35/10 кВ тавассути васеъсозӣ ё худ бунёд намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ба зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 20 МВА ба 50 МВА баланд бардошта шуд.

Навсозии зеристгоҳҳои болозикр имкон фароҳам овард, ки шиддатнокӣ дар шабакаҳои барқии минтақа устувор, сарбории трансформаторҳо муътадил ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин зеристгоҳҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шаванд.

Маҷмӯи ноқилҳои барқӣ ва ноқилҳои таҷҳизоти баландшиддат дар ҳаҷми беш аз 24 тонна ба маблағи 659 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаи ватании Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди  “Ноқили Талко” истеҳсол ва таҳвил карда шудааст.

Илова бар ин хати интиқоли барқи 35 кВ байни ин зеристгоҳҳо навсозӣ гардида, шиддати он аз 35 кВ ба 110 кВ баланд бардошта шуд.

Дар доираи корҳои ободонӣ атрофи зеристгоҳ пурра таъмиру навсозӣ гардида, барои зебову назаррабо гардидани он гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ ва дарахтони мевадиҳанда шинонида шудаанд.

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ дар кӯчаи Исмоилӣ Сомонии шаҳри Турсунзода 07.09.2020

Сентябрь 7, 2020 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара майдони варзишии болопӯшидаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни ноҳияи Данғара бинои нави Маркази саломатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Шукрона»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд