Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе-Минск-Душанбе қарор қабул кард
ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе-Минск-Душанбе 21 ва 27 сентябри соли 2020 қарор қабул кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Парвозҳои чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин теъдоде аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст»,- таъкид шудааст дар хабари Вазорат. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи беҳдоштию эпидемиологиро риоя кунанд.
Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани билетҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.
Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (ПЦР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






