«Сомон Эйр» имкониятҳои техникии чархболи Ми-8АМТ-ро озмуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парки худро бо чархболи нави истеҳсоли Россия- Ми-8АМТ тавсеа дод. Чархбол дар корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдингии «Вертолёты России» (Чархболҳои Россия) истеҳсол шудааст. Mи-8AMT бо эътимоднокӣ ва гуногунҷанбаӣ фарқ мекунад. Нахустин парвози санҷишии чархболи нави Ми-8АМТ дар Тоҷикистон аз ҷониби озмоишгарони корхонаи истеҳсолкунанда дар арафаи 96-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бадахшон-Душанбе анҷом дода шуд. Дар ҷараёни он имкониятҳои техникии чархбол дар шароити душвори кӯҳистон, парвоз ва фуруд дар нуқтаҳои таъйинотӣ озмуда шуданд.
Аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чархбол дар шароити гуногуни иқлимӣ, аз ҷумла намии баланд, ҳарорати паст, шамоли сахт ва туман худро хуб нишон додааст. Чархболи Mи-8AMT барои иҷрои вазифаҳои гуноногун — аз интиқоли мусофирону борҳои калонҳаҷм то амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ мутобиқ мебошад. Чархбол имкони интиқоли то 24 нафар мусофирро дошта, иқтидори борбардориаш то 4 тонна ва дурии парвозаш то 800 км мебошад.
Ми-8АТМ чархболи аввалини «Сомон Эйр» набуда, октябри соли 2019 ширкати ҳавопаймоӣ чархболи нави Airbus H125 ворид намуд. Чархболҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар мамлакат, таблиғи табиат, мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар доираи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд ва чархболи Ми-8АМТ на танҳо дастоварди ширкат, балки саҳми арзандае дар рушди соҳаи сайёҳӣ хоҳад буд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд






