Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Сентябрь 24, 2020 16:10

24.09.2020, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, ба тамоми сокинони заҳматқарини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои кору фаъолияти ватандӯстонаву созандаашон, ки мо имрӯз мушоҳида кардем, изҳори сипос мекунам ва ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла шумо – ҳозирини муҳтарам, хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаҳои ободгарона ба хотири пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони азиз барори кор орзумандам.

Аз вусъати корҳои ободониву пешрафти имрӯзаи ноҳия бармеояд, ки иқдомоти то ҳол амалинамудаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Шамсиддини Шоҳин самараҳои нек дода истодаанд.

Имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ, чандин иншооти варзиш ва биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок кардем, ки симои маркази ноҳияро хеле ободу дилкаш гардонидаанд.

Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Аз ҷумла дар зарфи 29 соли истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 421 миллион сомонӣ равона гардидааст.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 383 миллион сомонӣ татбиқ шудааст, ки барои беҳтар гардидани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, таҷдиду азнавсозии роҳу пулҳои мошингард, ворид намудани таҷҳизоту мошинолоти кишоварзӣ, таъмири хатҳои интиқоли барқ ва оби нӯшокӣ хароҷот шудааст.

Танҳо барои таҷдиди се қитъаи роҳ ба масофаи умумии 51 километр дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин – лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумби шоҳроҳи Душанбе – Кулма, яъне қитъаи Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин, қитъаи Шамсиддини Шоҳин — Анҷироби Поён ва қитъаи Анҷироби Поён – Шоҳон беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Ҳоло дар ноҳия боз панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 200 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин бо сохтмони як пул бо дарозии 153 метр, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон ва кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат барои пешгирӣ аз бемории КОВИД-19 пешбинӣ гардидааст.

Дар ноҳия бо мақсади истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 192 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 61 иншоот пурра ба анҷом расидаанд.

Ҳукумати мамлакат дар доираи имконоти мавҷуда ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тамоми захираву имкониятҳоро ба ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона кардааст.

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ ва коркарди меваю сабзавот имкониятҳои зиёд дорад.

Истифодаи оқилонаву самараноки ашёи хоми маҳаллӣ, хусусан, маҳсулоти кишоварзӣ ва захираҳои табиии ноҳия заминаи бисёр мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии он мебошад.

Аммо тибқи маълумот моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар 10 корхонаи саноатии ноҳия ба маблағи 6,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 фоиз кам мебошад ва асосан аз ҳисоби кам шудани истеҳсоли гӯшт ва орд ба миён омадааст. Таъкид месозам, ки барои ислоҳи чунин ҳолат бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбута зарур аст, ки ташаббусҳои соҳибкоронро барои бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ворид намудани технологияҳои нав ҳамаҷониба дастгирӣ карда, бо истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зеро дар ноҳия барои тараққӣ додани соҳибкории хурду миёна захираву имкониятҳои фаровон вуҷуд доранд.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ноҳия 235 субъекти нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби онҳо ба буҷети ноҳия беш аз 140 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

Бо дарназардошти мавзеи кӯҳистон ва дурдаст будани ноҳия ҳоло бахши соҳибкории хурду миёна асосан тавассути ба роҳ мондани савдои хурди чакана ва кишоварзӣ тараққӣ карда истодааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бад будани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, гаронии нархи сӯзишворӣ, малакаи нокифояи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин, набудани Ассотсиатсияи соҳибкорон ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқии соҳибкорон монеаҳои рушди беҳтари соҳибкорӣ дар ноҳия мебошанд.

Мушкилоти дигаре, ки ба пешрафти соҳибкории хурду миёна таъсири манфӣ мерасонад, дастрас набудани воситаҳои молиявӣ барои ташкили соҳибкорӣ, сатҳи баланди фоизи қарзҳо ва муҳлати кӯтоҳи истифодаи онҳо, монеаҳои маъмурӣ, нокифоя будани иттилоот барои ташкил ва идоракунии соҳибкорӣ, бахусус, дар байни занону бонувон мебошад.

Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои нақлиёт, энергетика, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин доир ба рафъи мушкилоти зикршуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини арҷманд!

Боғдорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ шуғли асосии мардуми ноҳия ба ҳисоб меравад.

Дар моҳҳои январ-июли соли 2020 дар ноҳия ба маблағи 87 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Шароиту иқлими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои парвариши картошка бисёр мувофиқ аст.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳия майдони кишти картошка дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 21 гектар кам гардида, ҳамагӣ 283 гектарро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар шароите, ки ноҳия дорад, бисёр паст мебошад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки дар оянда зиёд кардани майдони кишти картошка ва истифодаи тухмии хушсифати ба иқлими ноҳия мусоидро таъмин намоянд.

Ноҳия, инчунин, барои парвариши мева, рушди соҳаҳои чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ шароиту имкониятҳои зиёд дорад, ки то ҳанӯз пурра истифода нагардидаанд. Илова бар ин, ноҳия барои рушди сайёҳӣ имконияту захираҳои калон дорад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисон ва сохтору мақомоти дахлдори вилояту ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт, ҳамчунин, бо истифода аз ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои нодири табиӣ доир ба рушди сайёҳӣ чораҷӯӣ кунанд.

Се сол қабл ҳангоми мулоқот бо фаъолони ноҳия ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода будам, ки барои аз дарёи Панҷ ба масофаи 10 километр кашидани хатти обрасонӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.

Аммо ин масъала то ба ҳол ҳал нашудааст. Амалӣ шудани ин лоиҳа имконият медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 240 гектар боғи анор бунёд гардида, иловатан 500 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда шаванд.

Лоиҳаи мазкур, ҳамчунин, барои барқарор кардани боғҳои анор, зиёд намудани парвариши зироатҳои гуногун, аз ҷумла ба васеъ кардани майдони кишти картошка ва мева мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, вазоратҳои кишоварзӣ, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи рушди маҳал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд ҷиҳати ҳалли масъалаи зикршуда чораҳои бетаъхир андешанд.

Дӯстони азиз!

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи 53 миллион сомонӣ 41 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 5400 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ низ ба истифода додани се бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 530 ҷойи нишаст ба маблағи 6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбарони Вазорати маориф ва илм, вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки фаъолияти худро барои бартарафсозии мушкилоти муассисаҳои таълимии ноҳия тақвият бахшида, дар самти беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таълим аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба рафъи камбудиҳои дар муассисаҳои тиббӣ ҷойдошта, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеан заҳматдӯст мебошанд ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд дар тарбияи наврасону ҷавонон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо, риояи талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва умуман, таъмини волоияти қонун, иҷрои амалҳои неки созандаву бунёдгарона, хусусан, ба ифтихори ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

Зеро мо танҳо бо заҳмати аҳлонаву софдилона метавонем ба ҳадафҳои олии худ, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқамон муваффақ шавем.

Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси ноҳия, бахусус, ҷавонони далеру шуҷои Ватан чун ҳарвақта бо дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва бо ифтихори баланди милливу хештаншиносӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон аз имрӯза бештар талош хоҳанд кард.

Дар охир ба ҳамаи мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои пазироии самимӣ изҳори сипос менамоям ва ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.

Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сентябрь 24, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд