СУТ: таъсири эмкунӣ бар зидди COVID-19 на пештар аз соли 2022 пурра зоҳир хоҳад шуд

Сентябрь 10, 2020 11:35

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таъсири амиқи эмкунӣ бар зидди коронавирус дар ҷаҳон на пештар аз соли 2022 пурра зоҳир хоҳад шуд, зеро барои ҳосил шудани эминияти оммавӣ вақт зарур аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, ин пешгӯиро зимни брифинг дар Женева корманди калони илмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Сумя Сваминатан иброз намудааст.

«Вақте ки ваксина ба бадан ворид карда мешавад, барои он ки ҳама ё ҳадди ақал 60-70% одамон эминият пайдо намоянд ва мо онро эминияти оммавӣ номем, вақт лозим аст. Ин воқеан интиқоли уфунатро коҳиш медиҳад. Мо дар ин ҳолат на дар бораи маҳви вирус, балки дар бораи коҳиши таъсири муайяни он ба ҷомеа ва ҳаёт сухан меронем. Ва бешубҳа, то соли 2022 вақт лозим аст, ки ин дигаргунӣ мушоҳида шавад», — гуфт Сумя Сваминатан.

Азбаски ваксинаҳое, ки ҳоло дар ҷаҳон коркард мешаванд, бояд санҷида шаванд,  инчунин иҷозатнома дарёфт намоянд ва истеҳсоли онҳо оғоз шавад, вай дар мавриди то нимаи соли 2021 ба кишварҳо содир намудани  миқдори маҳдуди вояҳо изҳори хушбинӣ намуд. Ҳамзамон коршинос ба пешрафти азим дар гузаронидани санҷишҳои тестӣ барои муайян намудани коронавирус ва пайдо шудани заррачаҳои зидди вирус таваҷҷуҳ намуд.

«Қимати санҷишҳои тестӣ коҳиш меёбад ва мо ба зудӣ хоҳем дид, ки ин  озмоишҳо бештар дастрас мешаванд ва ҳатто ҳар кас метавонад худашро санҷиши тестӣ намояд”, — зикр намуд ӯ. Ин боиси тағйир ёфтани стратегияи мубориза бо пандемия хоҳад шуд,- мегӯяд Сумя Сваминатан. Вай ёдовар шуд: ҳарчи зудтар беморӣ ошкор шавад, имконияти табобати дилхоҳи он  ҳамон андоза меафзояд. «Маҳз афзоиши дастрасии озмоишҳои тестӣ  сабаби коҳиш ёфтани сатҳи маргу мир нисбат ба давраи аввали пандемия гардид», — хулоса кард коршинос.

 

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 10, 2020 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон