«ТИЛЛОИ САБЗ» – БОИГАРИИ АСОСИИ ТАБИАТ. Имрӯз кормандони хоҷагии ҷангали Тоҷикистон иди касбиашонро ҷашн мегиранд

Сентябрь 20, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 20.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи сентябр Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал  таҷлил мегардад, ки имсол  он   ба 20 сентябр рост омад. Бахшида ба  ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН бо сармутахассиси Раёсати хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдиалӣ АРАБОВ   ва директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз ҚАЛАНДАРОВ  ҳамсуҳбат гардид.  

Турдиалӣ Арабов дар ибтидои суҳбат зикр кард, ки  ҷангалзор яке аз боигариҳои асосии табиат маҳсуб ёфта, онро «тиллои сабз» меноманд. «Тиллои сабз» ном гирифтани ҷангал ба он хотир аст, ки дар ҳақиқат ҷангал манбаи оксиген, ҳавои тоза ва гиёҳҳои шифобахш мебошад, ки барои  саломатии  инсон хеле заруранд. Ва саломатии инсонҳо, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштаанд, “боигарии асосии давлат ва миллат маҳсуб меёбад”.

“Тавре дар моддаи 36 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мақсади бунёд ва барқарор кардани ҷангал аз нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ҷангалҳо, афзун гардонидани гуногунии биологӣ, мусоидат ба паст кардани таъсири гармшавии иқлим ва дигар падидаҳои табиӣ иборат мебошад»,-зикр намуд номбурда.

Турдиалӣ Арабов ҳамчунин иброз дошт, ки «ҳоло масъалаи бунёду барқароркунӣ, ҳифзу муҳофизати ҷангал, истифодаи самараноки замин, захираҳои табиӣ, олами ҳайвоноту наботот, муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор, кӯҳнавардӣ ва инчунин пешбурди корҳои сабзазоркунӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ба ин хотир Агентии хоҷагии ҷангал фаъолияти худро дар асоси  Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба роҳ монда, баҳри таъмин рушди босуботи соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор корҳои назаррасро анҷом додааст».

Беш аз 1 млн 300 ҳазор гектарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангалзор ташкил медиҳад. Солҳои охир аз тарафи кормандони хоҷагиҳои  ҷангал дар 1470 гектар корҳои бунёду барқароркунии дарахтон гузаронида шудааст. Ҳоло дар назди Агентӣ 5 корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварӣ ва дар назди ҳамаи хоҷагиҳои ҷангал ниҳолхонаҳои хурд ташкил гардидаанд, ки дар онҳо ҳамасола то 3 миллион бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда парвариш карда мешаванд.

Доир ба корҳои ободонию сабзазоркунии шафати роҳҳои мошингарди Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе – Варзоб нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар доираи онҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтони минтақабоб, корҳои тайёр намудани замин, ниҳолшинонӣ, пурракунии зичии ниҳолҳо, нарм кардани бехи ниҳолҳо ва обмонӣ дар мавзеъҳои дорои имконият тавсияҳо пешниҳод карда шудаанд.

 

Дар доираи ин чорабиниҳо дар мавзеи Лучоби  ноҳияи И.Сомонӣ, талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе – Варзоб,  дар мавзеи  «Кӯли Душанбе» ва «Дарбандак»,  теппаҳои шафати шоҳроҳи Душабе –Ваҳдат, шоҳроҳи Норак –Данғара,  Файзобод-Роғун, Муассисаи давлатии қароргоҳи «Сайёд»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парваришгоҳи «Хуталон» 24 ҳазору 804 бех  ниҳолҳои дарахту буттаҳои ба иқлими маҳал мутобиқ, аз ҷумла бодоми талхдона, қарағоч, акатсия, айлант ва дарахтони ҳамешасабз, аз қабили санавбар ва тӯя шинонида шуда, нигоҳубин мешаванд.

«Бояд гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз зиёд мешавад. Ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангал барои корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал дар талу теппаҳо махсус гардонида шудаанд ва дар онҳо ин гуна ниҳолҳо бештар парвариш карда мешаванд»,- афзуд номбурда.

Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон буридани дарахтон қатъиян манъ шудааст. Дар доираи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки ба ин кор даст мезананд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ба суоли он ки имрӯз аз тарафи сокинон ҳолатҳои худсарона буридани дарахтон ба қайд гирифта мешаванд ё не, мусоҳиб посух дод, ки  тибқи мушоҳидаҳо, нисбат ба солҳои  пешин қонунвайронкунию дарахтбуриҳо хеле кам гардидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар фасли зимистон мардумро бо барқ хуб таъмин менамояд ва новобаста аз ин, кормандони соҳаи ҷангал  шабонарӯзӣ  ба муҳофизати табиати нодири  мамлакат  машғул  мебошанд.

«Мо кӯшиш мекунем, ки дарахтону буттаҳо ва алафу гиёҳҳои ҷангалҳои мамлакатамонро дар ҳолати хуб нигоҳ дорем. Зеро ин дарахтон ва гулу гиёҳ барои фардои  Тоҷикистон   манфиат хоҳанд овард. Ҳамчунин онҳо иқлими мамлакати моро тоза ва  беғубор нигоҳ дошта, барои эмин нигоҳ доштани табиат саҳми назаррас доранд. Агар дар ҷангалзори давлатҳои хориҷӣ бештар дарахтони арча, сафедор ва сояафкану ороишӣ  вохӯранд,  дар ҷангалҳои  Тоҷикистон аксаран дарахтони худрӯ ва мевадиҳанда, аз қабили писта, санҷид, дулона, настаран ва чормағзро дидан мумкин аст»,- мегӯяд сармутахассиси Раёсати хоҷагии ҷангал.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир соли 2014 мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷангал — Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод. Бояд гуфт, ки соҳаи  ҷангали мамлакат то ин муддат дар ҳайати мақомоти ҳифзи муҳити  зист фаъолият дошт.

Ба зикри Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз Қаландаров,   соли 2020  дар ноҳия 15 гектар ҷангали нав бунёд гардида, 35 гектар ҷангалҳои кӯҳна барқарор карда шуданд.   «Ҳамарӯза кормандони хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт баҳри пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ нисбат ба ҷангал сарфарбар карда мешаванд. Ҳоло дар хоҷагӣ фермаи ҳайвони калони шохдор мавҷуд буда, шумораи онҳо ба 45 сар расидааст. Инчунин дар хоҷагӣ 150 оилаи занбӯр парвариш карда мешаванд, ки ҳамасола аз онҳо асали хуб гирифта мешавад. Вале, мутаасифона, соли равон бо сабаби номусоид омадани боду ҳаво мо натавонистем асали дилхоҳ ба даст орем»,- афзуд Абдулазиз Қаландаров.

Вобаста ба буриши дарахтони ҷангал мавсуф зикр дошт, ки солҳои қабл бинобар сабаби камчин будани маводи сӯзишворӣ буриши ғайриқонунии дарахтони ҷангал зиёд ба назар мерасид. Ҳоло бо фаъолияти самараноки конҳои ангишт ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат чунин амалҳои ғайриқонунӣ қариб, ки аз байн бурда шудааст.

Сентябрь 20, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст