ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. Падидаҳои 1 сентябри солҳои гузашта дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар Тоҷикистон барҳак Рӯзи дониш маҳсуб мешавад, зеро дар ин рӯзи аввали тирамоҳ на танҳо соли нави таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз мешавад, балки маҳз дар ҳамин рӯз дар солҳои гузашта мактабҳо ва донишгоҳҳо ифтитоҳ ёфтаанд.
1930 — дар Сталинобод (Душанбе) аввалин мактаби даҳсолаи таълим бо забони русӣ таъсис дода шуд.
1931 — нахустин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон — Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло С . Айнӣ) ифтитоҳ ёфт.
1931 — Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло ДАТ кушода шуд.
1932 — Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд) ба номи академик Б. Ғафуров ба фаъолият шурӯъ кард.
1939 — Донишкадаи давлатии тиббии ба номи А. Сино ифтитоҳ гардид.
1948 — Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кушода шуд.
1956 — Донишкадаи политехникӣ ба номи академик М. Осимӣ ифтитоҳ шуд.
1971 — Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таъсис ёфт.
1973 — Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кушода шуд.
1992 — гимназияи нахустин дар заминаи мактаби миёнаи № 74 -и ш. Душанбе таъсис ёфт.
1996 — Донишгоҳи славянии Россия -Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
1996 — шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон нофиз карда шуд.
1997 — нахустин мактаби таҳсилоти ҳамагонии байналмилалии Душанбе ифтитоҳ ёфт.
2003 — Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон кушода шуд.
2012 — Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш нахустин мактаби байналмилалии президентиро ифтитоҳ намуданд.
ДАР АКС: аввалин муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон — Донишкадаи омӯзгории Душанбе, (ҳоло Донишкадаи давлатӣ) ба номи С . Айнӣ. Акс аз бойгонӣ.








«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд






