Замони бозиҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» муайян гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ¼- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол, ки онҳоро Ширкати букмекерии байналмилалии «Parimatch» сарпарастӣ мекунад, 13-15 сентябр баргузор мешаванд. 13 сентябр ду вохӯрии Ҷоми Тоҷикистон доир мешаванд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар хонааш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо қабул мекунад. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Баргузории ду бозии дигари даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 15 сентябр дар назар аст. Дастаҳои футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ байни ҳам сабқат мекунанд. Баргузории ҳамаи рақобатҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 15:30 дар назар аст.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Даври ¼-ниҳоӣ
13 сентябр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 15:30
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб
«Эсхата» – «Хатлон»
Варзишгоҳи «Спартак». Хуҷанд
15 сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 15:30
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»
Варзишгоҳи «Нефтяник». Рӯдакӣ.
«Истаравшан» – «Куктош»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






