«Занон ва интихобот» — таҳти чунин унвон дар Файзобод ҳамоиш барпо шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи бонувон дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод таҳти унвони «Занон ва интихобот» ҳамоиш доир намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон Заррина Абдумаинзода иброз намуд, ки «интихобот василаи муҳими амалӣ намудани ҳокимияти халқ буда, иштирок дар он нишонаи дарки баланди масъулият аст. Ҳар шаҳрванд дар интихобот як овоз дорад».
Ҳамзамон номбурда аз иштирокчиёни ҳамоиш даъват намуд, ки чун шаҳрвандони комилҳуқуқи мамлакат бояд бо дарки масъулияти баланди ватандӯстиву ватандорӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона иштирок намоянд.
Дар кори ҳамоиш коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Султонова сухан гуфта, ҳозиринро ба иштироки фаъол дар интихобот ва доштани масъулиятшиносии баланд даъват намуд.








Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст






