Ифтитоҳи гармхонаи замонавии «Бӯйи Баҳор» ва иштирок дар намоиши гулҳои ороишии хризантема дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

Октябрь 17, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 17.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор”-ро ифтитоҳ намуда, дар намоиши гулҳои ороишии хризантема иштирок карданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар назди гармхона парвариши гулҳои ороишии навъи хризантемаро роҳандозӣ кардааст, ки айни замон нашъунамои хуб доранд. Дар маҷмӯъ майдони умумии парвариши гулҳо 15 садяк заминро ташкил дода, дар он нуҳ намуди хризантема нигоҳубин карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз 15 октябр ин навъи гул мешукуфад ва то анҷоми моҳи декабр зебову шукуфон боқӣ мемонад. Хризантема асосан барои зебу зиннат додани кӯчаву гулгашт ва майдонҳои фароғатӣ истифода гардида, аллакай барои дастрас намудани он аз саросари ҷумҳурӣ дархост фиристода шудааст.

Айни замон дар хоҷагии деҳқонӣ 5 ҳазор бех ин навъи гул парвариш меёбад ва хоҷагидорон ният доранд, ки майдони парвариши онро зиёд намоянд, зеро дар ҳоли авҷи корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту фароғатгоҳҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол талабот ба чунин гулҳои ороишӣ сол то сол зиёд мегардад.

Хризантема гули мавсимӣ буда, дар ҳавои нисбатан салқин мешукуфад ва дар фасли тирамоҳу аввали зимистон кӯчаву гулгашт ва ҳавлию роҳравҳоро бо ҳусни нотакрораш зебу оро медиҳад. Ин навъи гул, ки ба иқлим ва боду ҳавои кишвар мутобиқ аст, аз Нидерландия ворид карда мешавад.

Дар ин баробар “Бӯйи Баҳор”  дар масоҳати 30 садяк замин парваришу нигоҳубини навъҳои гуногуни арчаи ороишӣ низ роҳандозӣ кардааст.  Айни замон 15 ҳазор бех сӯзанарча, кипарис ва мажавини дар хоҷагӣ парвариш ёфта, аллакай барои фурӯш омодаанд.  Имкон аст, ки дар як сол то 5 ҳазор бех навъҳои гуногуни арчаи ороишӣ ба талабгорон пешниҳод карда шавад.

Зимни боздид Президенти мамлакат ба тарзи нигоҳубини хризантема дар хоҷагӣ баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки майдони парвариши онро васеъ намоянд.

Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои зироати кишоварзӣ дар гармхонаҳои “Бӯйи Баҳор” шинос шуда, дар самти густариши фаъолият ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар масоҳати як гектар 8 гармхона бунёд намуда, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, қулфинай, сирпиёз ва дигар номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ  машғул мебошад.

Айни замон дар масоҳати 15 садяк замини гармхона парвариши помидор роҳандозӣ шуда, дар як сол аз ин ҷо то се ҳосил ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ба иттилои масъулин, моҳи декабр ҷамъоварии маҳсулот аз гармхона оғоз меёбад, ки ин тадбир имкон медиҳад дар фасли зимистон низ аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин карда шавад.

Аз ин гармхона то 20 тонна помидори аълосифат ба даст оварда мешавад. Дар гармхона обёрӣ бо усули қатрагӣ роҳандозӣ шуда, масолеҳи сохтмонии истифодагардида барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати гармхона ва нашъунамои хуби маҳсулот мусоидат мекунад.

Дар ҳудуди хоҷагии мазкур ҳамчунин дар масоҳати 10 садяк замини дигар гармхона барои парвариши сирпиёз бунёд ёфтааст, ки аз ин замин то 1 тонна маҳсулот ба даст оварда мешавад. Талабот ба ин навъи маҳсулот ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам дар дигар кишварҳо зиёд аст.

Ҳарорати дохили гармхона бо истифода аз системаи гармидиҳии махсус, ки дар ҳудуди хоҷагӣ бунёд ёфтааст, таъмин гардида, ҳамчунин дар парвариши зироат дигар меъёрҳои агротехникӣ бо маслиҳати олимони соҳа риоя мегардад.

Гармхонаи дигари “Бӯйи Баҳор” барои парваришу истеҳсоли қулфинай пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол хоҷагидорон барои чиниши сеюми он омодагӣ мебинанд. Ҳар моҳ аз замини қулфинай аҳли заҳмат ҳосил ҷамъоварӣ менамоянд. Мавсими асосии ҳосилғундории  чинаки сеюми он моҳи декабр оғоз мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз ин гармхона солона то 1 тоннаву 100 килограмм қулфинайи хушсифат ба даст меоранд, ки ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Масоҳати умумии замини бо ин мақсад истифодашаванда 10 садякро ташкил дода, парвариши қулфинай ба хоҷагидорон даромади хуб меорад.

Имсол бори нахуст дар хоҷагӣ дар гармхонаи алоҳида парвариши гулҳои садбарг, ки барои омода кардани дастагул пешбинӣ гардидаанд, роҳандозӣ карда шуд. 15 садяк заминро аҳли хоҷагӣ барои нигоҳубини садбарге, ки аз Нидерландия ворид кардаанд, истифода бурда, дар он 10 ҳазор бех ниҳол шинонидаанд. Ба иттилои масъулин, аз ин ҳиссаи замин то 40 ҳазор донна садбарги гуногунранг ҷамъоварӣ менамоянд, ки дар аввали моҳи март аллакай самараи меҳнати онҳо ба бозор бароварда мешавад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки талаботи аҳолии мамлакат, бахусус дар арафаи иду чорабиниҳо бо гулҳои зебои ватанӣ қонеъ гардида, воридоти он то ҷое коҳиш дода шавад.

Хоҷагии “Бӯйи Баҳор” таҷрибаи хуби гулпарварӣ дошта, ҳамасола аз ин хоҷагӣ барои оро додани гулгашту хиёбонҳо аз саросарӣ ҷумҳурӣ гулҳои ороишӣ харидорӣ менамоянд. Ду гармхонаи хоҷагӣ дар ин самт фаъолият намуда, дар онҳо парвариши гулҳои тагес, питуня, салвия ва вербаня роҳандозӣ шудааст. Дар маҷмӯъ дар хоҷагӣ 20 навъи гули ороишии мавсимӣ парвариш карда мешавад, ки ҳар сол идораҳои ободониву сабзкории шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ин хоҷагӣ то 500 ҳазор бех гул харидорӣ менамоянд.

Зимни боздид иброз гардид, ки дар хоҷагӣ 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва то 10 нафар соҳиби кори муваққатӣ гардидаанд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи самараноки замин аҳли заҳмат ҳамчунин барои қонеъ сохтани талаботи худ парвариши картошка, сабзӣ, пиёз, маккаи дон ва лӯбиёгӣ ба роҳ монда, аз ин ҳисоб тамоми кормандони хоҷагӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.

Роҳбар давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба фаъолияти хоҷагӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дастгирии чунин хоҷагиҳо омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ ва муътадил нигоҳ доштани нарху навои маҳсулот дар бозорҳои мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ифтитоҳи гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор” ва иштирок дар намоиши гулҳои ороишии хризантема дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17.10.2020

Октябрь 17, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид ва дар Иди меҳргон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Институти боғпарварӣ дар вилояти Суғд боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди сохтмони гармхонаи замонавӣ санги асос гузошта, аз гармхонаи «ММК-Агро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба истифода додани 4 бинои нав барои парвариши 80 ҳазор сар мурғ ва корхонаи банду басти маҳсулот дар шаҳри Гулистон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли шоколадро дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд