Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон мулоқот намуд

Октябрь 3, 2020 12:36

ДУШАНБЕ, 03.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябри соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов   бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот оиди раванди музокироти сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати «Толибон» дар шаҳри Давҳаи Қатар, аҳамияти барқарории суботу оромӣ дар мамлакати ҳамсоя барои минтақа, нақши кишварҳои ҳамҷавор дар мусоидат ба тарҳи сулҳи Афғонистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки нақши Тоҷикистон бо назардошти сарҳадҳои тулонӣ бо ҶИА, муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, инчунин дурнамои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар раванди сулҳи Афғонистон ниҳоят муҳим аст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон оиди истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан Афғонистони ҳамсоя қобили омӯзишу пайравӣ ва намунаи ибрат мебошад.

Таъмини амният дар сарҳадот, тақвияти ҳамкориҳои тахассусии мақомотҳои амниятии ду кишвари дӯст омили муҳими мусоидат дар амалисозии тарҳи сулҳ дар Афғонистон ва минтақа маҳсуб мегардад.

Октябрь 3, 2020 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд