ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор 375 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 767 иншооти ҷашние, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёд мегарданд, то имрӯз беш аз 375 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Ҳисор бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар ободонии маҳалли зисти худ саҳми шоиста мегузоранд. Ин аст, ки бо мақсади рушди деҳот дар маҳаллаву деҳаҳо бунёди корхонаву муассисаҳои таълимию табобатӣ, иншооти таъминкунандаи ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмиру роҳу пулҳо ба нақша гирифта шудааст.
Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорони маҳаллӣ азм доранд, ки дар ободонӣ ва хуррам гардонидани деҳоту маҳаллаҳои шаҳр нақши бориз гузоранд.
Раванди корҳои бунёкорию созандагӣ дар партави омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Навобод ва Мирзо Ризо иншооти ҷашнӣ, аз қабили бунгоҳҳи саломатӣ, толори варзишӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи хӯрокворӣ, сехи қаннодӣ, утоқи кори раиси маҳалла, дарвозаи деҳа ва чанд иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифтаанд ва раиси шаҳр ба соҳибкорону сокинони бунёдкори ин маҳаллаҳо барои чунин амалҳои нек ва созандагию бунёдкорӣ арзи сипос намуд.










ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






