Александр Семёнов: «Дар 3 моҳ самаранокии силсилаи озмоишгоҳҳои ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон 85% афзоиш ёфт»

Октябрь 2, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Самаранокии силсилаи озмоишгоҳҳои ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон дар 3 моҳ 85% афзудааст. Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ 30 сентябр роҳбари гурӯҳи намояндагии СУТ-GOARN аз «Роспотребнадзор», вирусшинос, доктори илмҳои биологӣ, муовини директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии уфунатшиносӣ  ва микробиологияи Санкт-Петербург ба номи Пастер оид ба корҳои инноватсионӣ  Александр Семёнов изҳор намудааст.

Зикр шуд, ки тамоми камбудиҳои қаблан дар кори озмоишгоҳҳо ҷойдошта бартараф шудаанд. Имрӯз онҳо таҳқиқотро фавран ва босифат анҷом медиҳанд, ки ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  (СУТ) мутобиқ мебошанд. Ташхисгоҳҳо дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳлилҳои босифат пешниҳод мекунанд.

Тавре Александр Семёнов зикр кард, коронавирус дер ё зуд мағлуб мешавад, аммо кормандони ботаҷриба, ташхисгоҳҳо ва таҷҳизот боқӣ хоҳанд монд. Дар мубориза бо коронавирус озмоишгоҳҳои мавҷуда иқтидори худро такмил доданд, технологияҳои нави озмоишгоҳӣ дар Тоҷикистон пайдо шуданд, ки қаблан дар он ҷо вуҷуд надоштанд.

Бояд зикр кард, ки мутахассисони ташкилоти тадқиқотии «Роспотребнадзор» дар тӯли 3 моҳ дар самти омӯзонидани кадрҳои тиббӣ дар озмоишгоҳҳои Тоҷикистон кори бузург анҷом доданд.

«Мутахассисони Россия на танҳо кумаки илмӣ ва амалӣ мерасониданд, балки ҳамроҳи ҳамкасбони тоҷики худ дар маҳалҳо низ кор мекарданд», — гуфт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Самариддин Ализода.

Мутахассисони “Роспотребнадзор” аз якчанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат-вилоятҳои Суғд, Хатлон ва инчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид намуданд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар доираи намояндагии “Роспотребнадзор” иқтидори амалиётӣ ва имконоти санҷиши тестии коронавирус зиёд карда шуд, кормандони маҳаллӣ омӯзонида шуданд, имкониятҳои ташхисӣ васеъ ва миқдори озмоишҳои тестии аҳолӣ дар мамлакат афзоиш ёфт, инчунин машваратҳо баргузор гардиданд.

Октябрь 2, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд