«ҲАР РЕЗАИ НОН РЕЗАИ ҶОН, РЕЗАИ ВИҶДОН БУВАД…». Имрӯз дар саросари олам Рӯзи умумиҷаҳонии нон таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16 октябр /АМИТ «Ховар»/. Яке аз маҳсулотҳои муҳим ва зарурии олам, албатта, нон аст. Аз ин рӯ он иди худро дорад – Рӯзи умумиҷаҳонии нон (World Bread Day) ҳар сол дар ҳамин рӯз, 16 октябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана соли 2006 бо ташаббуси Иттиҳоди байналмилалии нонпазон ва қаннодон муқаррар шудааст. Интихоби рӯзи таҷлили ин сана ба он рабт дорад, ки 16 октябри соли 1945 Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Бинобар ин имрӯз боз як санаи дигар – Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ низ ид карда мешавад.
Дар бораи нон ва арзиши он таваҷҷуҳ намоед ба эссеи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.
Дар фарҳанги миллати соҳибтамаддун ва фарҳангсолори мо, дар забони шаҳдрези тоҷикии мо, ки забони адабу шеър ва илм маҳсуб меёбад, вожаҳое ҳастанд муқаддас, мисли Ватан, озодӣ, модар, истиқлол, ваҳдат ва ғайра. Ин вожаҳо муқаддасанд, зеро ҳар кадоме маъное доранд тақдирсоз. Чаро ва ба чӣ сабаб муқаддас будани ин вожаҳо ба ҳамагон маълуманд ва ҳоҷати шарҳашон нест.
Аммо дар ин саф вожаҳои дигаре ҳастанд, ки дар баробари калимаҳои номбурда муқаддас шуморида мешаванд ва инҳо “нон”-у “об”-анд. Ва шояд дар баъзе мавридҳо ин вожаҳо муҳимтар аз дигар калимаҳо ҳисобида шаванд, зеро бе нону об, яъне бе ғизо ҳастии инсон дер давом намекунад. Обро метавон аз табиат бидуни заҳмат ба ком овард, аммо нон самараи заҳматҳои тӯлонии инсон ва аз беҳтарин офаридаҳои фитрату дониши ӯст. Шояд аз ин рӯст, ки вожаи нон дар забони мо ҳамрадифи ҷон ва мӯҷиби пойдории инсон аст.
Вожаи нон дар ҳама дунё, пеши ҳама халқҳо муқаддас маҳсуб меёбад, алалхусус пеши мардуме, ки рӯзгори қаҳтиву гуруснагӣ дидаанду аз гуруснагӣ талафоти ҷонӣ додаанд.
Дар байни мардуми тоҷик зарбулмасале машҳур аст: нон дорӣ, ном дорӣ. Яъне инсон бе нон қадру қимате надорад ва нон инсонро ҷисман пойдор нигоҳ медорад.
Далели дигари муқаддас будани вожаи нон он аст, ки мардуми мо дар ҳолатҳои тангӣ, чунон ки бо номи Худо қасам мехӯранд, бо нон низ қасам мехӯранд. Қасамҳои муқаддастарини миллати мо, қасаме, ки шикастанаш ҳаргиз раво нест, аввалан бо номи Худованд сурат мегирад, баъдан бо номи шири модар ва сипас бо номи нон.
Дар одобу суннати тоҷикӣ нисбат ба нон беҳурматӣ ва ношукрӣ намудан, нонро зеро по гузоштан убол дониста мешавад. Имрӯз ҳам пирони рӯзгордида, вақте ки нон ва резаи нонро дар рӯи роҳашон мебинанд, хам шуда, онро мебардоранд ва ба чашм мемоланд, зеро нон муқаддас аст, асоси ризқу рӯзии мо, инсонҳост ва гуноҳ аст, ки ҳатто резаи хурдтарини он зери по монад.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳамарӯза рӯ ба сӯи ободиву фаровониву болоравии сатҳи зиндагӣ дорад, мардум дар осоишу амонӣ ва сериву пурӣ зиндагӣ мекунанд. Хушбахтона, наврасони имрӯз аз гуруснагӣ ва нигарониву ниёзмандӣ ба як пора нон огоҳ нестанд. Аммо, ҳатто, дар замони начандон дури ҷанги шаҳрвандӣ ба қаҳтӣ гирифтор шудани мардумро дидем. Одамон аз бенонӣ ба хӯрдани гиёҳҳо ва нони кунҷора рӯ оварданд ва ин сабаби бемориҳои марговар гардид. Аз ин рӯ мо набояд арзиши нон, муқаддас будани онро аз ёд барорему ба исрофкорӣ ва ноҳурматӣ нисбат ба он роҳ диҳем.
Дар адабиёти классикӣ ва шифоҳии мардуми мо панду андарз ва ҳикмату ҳикоёти зиёде дар мавриди қадрдонӣ аз нон эҷод гардидаанд, ки ҳама аҳамияти тарбиявӣ дошта, ҳадафашон дарки муқаддас доштани ин неъмати олӣ ва роҳ надодан ба исрофкориҳову аз ёд набурдани қадру қимати нон аст.
Метавон далелҳо низ овард. Масалан, ҳикоятест дар мавриди як донишманде, ки дар баҳси “нон қимат аст ё китоб?” китобро муқаддастар аз нон мешуморад. Он вақт, барои ҳалли баҳс ӯро ба ҳуҷрае маҳкам мекунанд, ки ҷуз китобҳо ва як дона нон дигар чизе надошт. Нонро дар болои тоқчаи баланди қаднорас мегузоранд, китобҳоро дар рӯи замин. Марди даъвогар чанд рӯзе тоқат кард ва кӯшиши гирифтани нон нанамуд, аммо чун гуруснагӣ ба ҷонаш кора кард, аҳди худро шикаст ва маҷбур шуд, китобҳоро таҳи по гузошта, нонро аз он баландӣ бигирад, то аз гуруснагӣ нафавтад.
Банда як замонҳо дар мавзӯи нон манзумае навишта будам бо номи “Бӯи Ватан”, ки ба корномаи ҷавони шуҷои данғарагӣ Талбак Лолаев, ки барои ҳифзи гандумзори ватан ҷон бохта буд, бахшида шудааст. Вақте ки ҳодисаи барои ҳифзи гандумзори оташгирифта қаҳрамонона ҷон бохтани Талбак Лолаев интишор ёфт, мани адиби ҷавон бо тақозои дилам ба Данғара рафтам, аз мавзеи оташгирифта, хонаводаи Талбак Лолаев дидан намуда, бо мардуме, ки ӯро мешинохтанд, ҳамсуҳбат шудам, то ин манзумаро нависам. Аз ҷумла, бо мӯйсафеди солхӯрда, ки замонҳои мудҳиши гуруснагиро аз сар гузаронидааст, ҳамсуҳбат гардидам. Нақле шигифтангез аз он мӯсафед шунидам, ки оварданаш барои дарки қадри нон хеле муфид хоҳад буд. Нақл чунин аст:
Дар он замонҳои гуруснагиву бенонӣ ду бародар барои мардикорӣ аз деҳа бурун мераванд. Ҳамроҳашон ним пора нон доштанд, ки бояд дар ғояти зурурат бо ҳам тановул кунанд, ки аз гуруснагӣ намиранд. Дар мобайни дашт гуруснагӣ тоқатфарсо мешавад ва ду бародар муросо карда натавониста, барои нон байни ҳам ҷанг мекунанд. Хуллас, барои соҳиб шудан ба нон бародар бародарро мекушад ва нонро хӯрдаву зинда мемонад. Ман намедонам, ин ҳодиса воқеан шудааст ё не, аммо мӯсафед қабри танҳоеро дар он дашт аз дур нишон дода буд. Аммо ин ки барои нон одамон ҳамдигарро борҳо куштаанд, ҷои баҳс надорад. Албатта, ин нақл, агар бофта ҳам бошад, ҳикмате дорад, ки бояд аз ёд набаровард.
Нон рамзи ҳаёт, рамзи Ватан, рамзи ҳастии инсон аст. Он вақт дар манзумаи хеш, аз ҷумла, навишта будам:
Бипурсандам, агар: Рӯи Ватан чист?
Бигӯям: Рӯи нони модари ман!
Бипурсандам, агар: Бӯйи Ватан чист?
Бигӯям: Бӯйи нони модари ман!
Ва ҷойи дигар дар ин манзума чунин омадааст:
Онро ки нонро хӯрдаву по бар намакдон мезанад,
Нон мезанад, нон мезанад!
Онро ки нонро чун ҳақорат бар сари хон мезанад,
Нон мезанад, нон мезанад!
Номардро нон мезанад!
Ношукрро нон мезанад!
Ё боз дар ҳамон манзумаи “Бӯйи Ватан” навишта шудааст:
Нонро зи рӯйи хокҳо бардор, нон имон бувад!
Як резаи нон резаи ҷон, резаи виҷдон бувад!
Олимон собит кардаанд, ки пухтани нон 15 ҳазор сол пеш маҳз дар сарзамини мо — Осиёи Миёна оғоз ёфтааст. Он вақтҳо гандуми омехта ба обро дар тобасангҳо мепухтанд. Қадимтарин донаи гандум низ аз Бадахшон дарёфт шудааст. Имрӯз маҳз дар Тоҷикистон, дар дастархонҳои пурнозу неъмати миллии тоҷикӣ намоишгоҳи рангобаранги нонро, ки даҳҳо анворо дар бар мегирад, метавон дид, ки бинандаро мафтун сохтаву фараҳу бовар мебахшанд.
Андешае низ ҳаст, ки аввалин нони хамиртуршдошта дар Миср 8 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст. Пажӯҳиш шудааст, ки ба ҳисоби миёна як одам дар тӯли умраш 7 тонна нони муқаррарӣ ва 35 ҳазор маводи нонӣ, аз қабили бӯлкаю кулчақандҳо тановул мекунад.
Расидан ба қадри нон, муқаддас доштани нон, албатта, фақат ба хотири тановули он нест. Инсон бисёр ғизоҳои дигар низ тановул мекунад. Аммо гап сари он аст, ки нон ба ҷуз ин ки ғизост, рамз аст, рамзи зиндагии обод, рамзи заҳмати ҳалол, рамзи хушбахтӣ ва сериву пурӣ, нон фарҳангест, ки дар он бисёр хуҷастагиҳои дигари инсонӣ — аз ҳунар то одобу маърифат таҷассум ёфтаанд.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»