Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тағйиру иловаҳо ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифатҳо байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо мебошад.
Қонуни амалкунанда соли 2004 қабул гардида, ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Вале, то ҳол номувофиқатии меъёрҳои Қонуни мазкур ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранд. Барои бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо сохтор ва баъзе моддаҳои қонун ниёз ба такмил доранд.
Аз ин лиҳоз, дар лоиҳа якчанд меъёрҳои нав ва тағйиру иловаҳо, ба мисли моддаҳои 1, 3, 6, 7 ва 18 пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи онҳо ба мафҳумҳои дар Қонун истифодашуда мафҳумҳои нав, ба монанди «мол, сертификати мутобиқат, аз муомилот гирифтани мол (кор ва хизматрасонӣ), шартнома», дар моддаи 3 ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон сархатҳои нав, ба монанди «дастрасӣ ба иттилоот дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дар моддаи 7 муқаррар намудани муҳлати кафолат пешбинӣ шудаанд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаҳои 5, 10, 14, 21 ва 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 1, 7, 40, 49, 50, 51, 55, 56 ва 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб наменамояд.
Аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдор қабул намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод






