Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тағйиру иловаҳо ворид мегардад

Октябрь 26, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар масъалаҳо  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифатҳо байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо мебошад.

Қонуни амалкунанда соли 2004 қабул гардида, ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.  Вале, то ҳол номувофиқатии меъёрҳои Қонуни мазкур ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранд. Барои бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи  ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо сохтор ва баъзе моддаҳои қонун ниёз ба такмил доранд.

Аз ин лиҳоз,  дар лоиҳа якчанд меъёрҳои нав ва тағйиру иловаҳо, ба мисли моддаҳои 1, 3, 6, 7 ва 18  пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи онҳо ба мафҳумҳои  дар  Қонун истифодашуда мафҳумҳои нав, ба монанди «мол, сертификати мутобиқат, аз муомилот гирифтани мол (кор ва хизматрасонӣ), шартнома»,  дар моддаи 3 ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон сархатҳои нав, ба монанди «дастрасӣ ба иттилоот дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дар моддаи 7 муқаррар намудани муҳлати кафолат пешбинӣ шудаанд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаҳои 5, 10, 14, 21 ва 58 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 1, 7, 40, 49, 50, 51, 55, 56 ва 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб наменамояд.

Аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдор қабул намуданд.

Октябрь 26, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд