Ба таъсиси Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ 68 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 сол пур гардид. Ба ин муносибат дар Хадамоти мазкур бо иштироки роҳбарону кормандони соҳа аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии он ҳамоиши идона доир шуд.
Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Анварҷон Ализода аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода тамоми кормандори соҳа, афсарон, прапоршику сержантон ва собиқадоронро табрик намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки «кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҳифзу амнияти дастовардҳои истиқлолро таъмин намуда, вазифаи пуршарафи муҳофизати иншооти муҳим ва махсусан муҳими давлативу ҷамъиятиро ба зимма доранд. Ин амал аз ҳар корманди хадамоти мазкур ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва масъулияти баланди касбӣ талаб менамояд. Дарки масъулият, садоқат ба давлату миллат ва устуворию матонат миёни кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» буд, ки новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, ба таври шабонарӯзӣ дар сардии зимистону гармии тобистон бо талошу кӯшиш ва азму суботи худ барои муҳофизати иншооти муҳим ва махсусан муҳими давлативу ҷамъиятӣ, мубориза бо қонунвайронкунӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш заҳмати зиёде ба харҷ дода, онҳо аз иҷрои вазифа ва масъулияти ба зиммадошта бо сарбаландӣ мебароянд».
Кормандони ин соҳа дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади таъмини волоияти қонун, оромиву осудагӣ ва ҳифзи бинову иншооти муҳим талошу кӯшиш намуда, рисолати касбии худро анҷом медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки соли равон Хадамоти давлатии «Муҳофиза» бо бинои замонавӣ таъмин гардид.
Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода як гурӯҳ кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва ҷузъу томҳои он, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо медал, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.










«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






