Бори аввал дар ИМА доруи коронавирусро сабти ном намуданд

Октябрь 23, 2020 10:52

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати назорати санитарии маҳсулоти ғизоӣ ва доруҳои ИМА (FDA) бори нахуст доруи табобати коронавирусро сабти ном кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус CBS News иттилоъ додааст.

Аввалин шуда доруи ремдесивир иҷозати FDA-ро барои истифода бурдан ҷиҳати табобати коронавирус дарёфт намуд. Зикр карда мешавад, ки аз баҳори соли равон дар Иёлоти Муттаҳида ба истифодаи ин дору дар ҳолатҳои фавқулода иҷозат дода шуда буд.

Қаблан, раиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иброз намуда буд, ки ремдесивир дар муолиҷаи коронавирус самаранокӣ нишон надод. Ба гуфтаи ӯ, танҳо доруе бо номи дексаметазон исбот кардааст, ки он метавонад ҳангоми табобати бемориҳои шакли вазнин муфид бошад.

Президенти ИМА Доналд Трамп, ки 2 октябр ба коронавирус гирифтор шуданашро эълом намуда буд, барои табобаташ ремдесивирро истифода кардааст. Духтурон инчунин ба бадани ӯ тавассути сӯзандору  ҳашт грамм коктейли зарраҳои зидди уфунатии поликлоналии Regeneron гузаронида буданд. Илова бар ин ӯ маводи рӯҳ, витамини D, фамотидин, мелатонин ва аспирин истеъмол карда буд.

 

АКС: AP 2020

Октябрь 23, 2020 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд