ЧАРО НАРХҲО БОЛО РАФТАНД? Посухи муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Октябрь 31, 2020 13:31

ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар пайи як мониторинги нархи маҳсулоти асосӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар баррасӣ шудааст, дар 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум 5,1%-ро ташкил додааст, ки асосан ба баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ — 6,3%, молҳои ғайриозуқаворӣ — 3,8% ва хизматрасониҳои пулакӣ — 3,7% вобаста аст. Дар ин бора имрӯз агентии «Sputnik» бо истинод ба муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода хабар медиҳад.

Дар ин давра аз молҳои озуқаворӣ нархи карам 42,2%, ярмаи марҷумак 41,7%, сабзӣ 40,8%, маҳсулоти макаронӣ – 22,9%, шакар — 19,6%, равғани маска – 13,9%, орди навъи якум – 13,2%, нахӯд – 12,7%, равғани пахта – 8%, биринҷ – 6,7%, гӯшти гӯсфанд – 6,5%, гӯшти гов – 5,8%, картошка – 5,7%, равғани растанӣ – 4,8% ва себ – 0,7% фоиз афзоиш ёфтааст”, —  зикр намудааст Ашӯрбой Солеҳзода.

Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  дар робита ба  болоравии нархи маҳсулоти асосии истеъмолӣ – равғани растанӣ, орд ва шакар мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии афзоиши нархи равғани растанӣ ин нокифоя будани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҷумҳурӣ аст. Бино ба иттилои ӯ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 15 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3% зиёд мебошад.

“Дар ин давра талаботи аҳолӣ ба равғани растанӣ 115,7 ҳазор тоннаро ташкил намудааст, ки истеҳсоли дохилӣ талаботи аҳолиро танҳо ба андозаи 13% қонеъ мегардонад. Бинобар нокифоя будани истеҳсоли равғани растании дохилӣ талабот аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад ва омилҳои беруна ба бозори растанӣ таъсири худро мерасонанд”, — мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), дар моҳи сентябри соли равон индекси миёнаи нархи равғани растанӣ 104,6 бандро ташкил намуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаи моҳи август 5,9 банд (6%) баланд буда, нишондиҳандаи баландтарин дар 8 моҳи охир ба ҳисоб меравад.

Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, сабаби боло рафтани индекс баланд шудани арзиши равғани нахл, равғани растанӣ ва равғани лубиёгӣ аст.

“Бамаротиб афзоиш ёфтани  нархи равғани нахл, ки моҳи чорум аст идома дорад, ба зиёд шудани талабот ба он ва захираҳои нисбати нақша камтари он рабт дорад. Инчунин дар моҳи сентябр афзоиши якбораи нархҳои ҷаҳонии равғани растанӣ ба назар расид, ки яке аз сабабҳои асосиаш ба даст наомадани ҳосили дилхоҳ дар минтақаи баҳри Сиёҳ мебошад”, — мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Мавсуф дар бораи боло рафтани қимати орд низ омили хориҷиро муассир арзёбӣ карда, мегӯяд, Тоҷикистон гандумро барои коркард ва истеҳсоли орд асосан аз Қазоқистон ворид менамояд.

“Сабаб —  болоравии нархи орд дар ин кишвар маҳсуб меёбад. Масалан, тибқи маълумоти сомонаи kazakh-zerno.net дар пойгоҳи “Бекобод” – и Қазоқистон дар моҳи сентябри соли 2020 нархи миёнаи як тонна гандуми дараҷаи 3 278,5 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои миёна моҳи июл 2,2% ва нисбат ба моҳи январ 3,3% боло рафтааст”, — мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, шакар дар Тоҷикистон маводи ғизоиест, ки талаботи дохилии аҳолӣ пурра аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Вай афзуд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 119,3 ҳазор тон шакар ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 ҳазор тон зиёд мебошад.

“Мутобиқи маълумоти Иттиҳоди истеҳсолкунандагони шакари Россия, ки содиркунандаи асосии ин намуди маҳсулот ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, эҳтимол аст, ки ҳаҷми истеҳсоли шакар дар мавсими солҳои 2020 – 2021 (1 августи 2020 – 31 июли 2021) 19-23% коҳиш ёбад. Сабабҳои коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли шакар кам гаштани майдони кишти лаблабуи қанд, кам шудани ҳосили шакар аз як гектар, афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, захираҳои зиёд дар аввали мавсим ва аз кор мондани якчанд заводи шакар дар Россия  арзёбӣ мешаванд”, — мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар моҳи августи соли 2020 индекси нархи шакар 81,1 бандро ташкил намуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаи моҳи апрели соли ҷорӣ 17,9 банд (28,3%) баланд аст. Ҳамзамон дар моҳи сентябри соли 2020 ин нишондиҳанда 79 бандро ташкил намуда, нисбат ба моҳи август 2,1 банд коҳиш ёфтааст.  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) коҳишёбии минбаъдаи нархи ҷаҳонии шакарро пешбинӣ менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ ба соҳаи парандапарварӣ имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ додааст.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли тухм ба 716,4 миллион дона расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 46,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар 3 соли охир воридоти тухм ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, асосан талабот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин мегардад.

“Дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти афзоиши талабот ба тухм ва нисбатан осон гардидани шароити нигаҳдории он истеҳсолкунандагони тухм нархи яклухти фурӯшро баланд мебардоранд”, — мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Мавсуф мегӯяд, бо назардошти омилҳои номбурда Вазорат дар ҳамдастӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва таъминоти аҳолӣ бо ин маҳсулоти ҳаётан муҳим тадобири заруриро рӯи даст гирифтааст, ки аз натиҷаҳои он дар оянда иттилоъ хоҳад дод.

                                          АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2020 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд