Дар Бохтар мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Бохтар барномаи муштараки фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Қабл аз оғози маросим даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот байни ҷавонони шаҳри Бохтар, ки тайи ҳафтаи охир идома доштанд, ҷамъбаст гардиданд.
Дар мусобиқаи футболи хурд 19 дастаи муассисаҳои варзишӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷ ва техникумҳои шаҳри Бохтар ширкат варзиданд. Дар даври ниҳоии бозиҳо дастаҳои МТМУ №3 ва Коллеҷи тиббӣ байни ҳам рақобат намуда, бозингарони МТМУ № 3 бо ҷидду ҷаҳд тавонистанд ҳарифи худро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохта, ғолиби мусобиқа гарданд.
Ҳамин тавр, ҷойи аввалро МТМУ № 3, ҷойи дуюмро Коллеҷи тиббӣ ва мақоми сеюмро Литсейи №1 ишғол намуданд. Дар мусобиқаҳои тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот 10-дастаӣ бо теъдоди 5-нафарӣ қувваозмоӣ намуда, ғолибони он муайян гардиданд.








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






