Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 7, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади  баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ризо Назарзода иброз дошт, ки имрӯз  ҷавонони мамлакат бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузоранд. Онҳо барои ободию шукуфоии ватанамон хидматҳои софдилона намуда, баҳри тараққиёти мамлакат ҷидду ҷаҳд намоянд.

«Яке аз падидаҳои бисёр ҳам номатлуби ҷаҳони имрӯза- ин гаравиши бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад.  Аз ин рӯ яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад»,- гуфт номбурда.

Корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур-ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани ифтихори миллӣ мебошад. Зеро дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум, гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ ва пос доштани истиқлол вазифаи асосии насли ҷавони ояндасоз ба ҳисоб меравад».

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, баргузории он дар дигар муассисаҳои олии мамлакат дар назар аст.

Октябрь 7, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст