Дар Екатеринбург мулоқоти намояндагони Консулгарии генералии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамъияти тоҷикон доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия намояндагони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Челябинск доир ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, тартиби баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати риояи қонунгузории муҳоҷиратӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил гардидани хатсайрҳои чартерӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ва мушкилоти ба фиреби баъзе миёнаравҳои қаллоб афтидани шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқот доир намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, котиби сеюми ин Консулгарӣ Юсуфҷон Набиев, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Россия Беҳрӯз Холиқов ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Челябински Федератсияи Россия иштирок доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон доир ба пайомадҳои номатлуби фаъолияти тарғиботии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Интернет миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори андеша намуданд.
Зикр гардид, ки тамоми намояндагиҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият менамоянд, дар доираи салоҳияти худ ва бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалию қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони мамлакат дар қаламрави Федератсияи Россия ҳимоят мекунанд. Ин сохторҳо ва дипломатҳои тоҷик ҳамзамон густариши ҳамкории созандаро бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мамлакатро дар хориҷа аз ҷумлаи авлавияти фаъолияти худ муқаррар намуда, пайваста мекӯшанд, ки пайванди ҳамватанони бурунмарзӣ бо Ватан ногусастанӣ бошад.
Иштирокчиён аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Челябинск фаъолият мекунанд, даъват намуданд, ки 11 октябри соли равон ба Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург омада, дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ ширкат карда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.









ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






