Дар Исфара сохтмони аломати рамзии даромадгоҳи шаҳр оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмони аломати рамзии даромадгоҳи шаҳр оғоз шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов хабар дод.
Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 200 ҳазор сомониро ташкил дода, он тариқи ҳашари умумӣ сохта мешавад. Аломати рамзии даромадгоҳ ба шаҳри Исфара дар шаҳраки Нурафшон, дар чорраҳаи Исфара — Кӯчкак — Хуҷанд ва Исфара — Нурафшон -Конибодом аз масолеҳи оҳанӣ бунёд мешавад.
Тибқи лоиҳа, баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад. Худи иншоотро 8 унсури секунҷаи сутунмонанд ташкил намуда, дар баландии дуюним метр дар ҳалқаҳои оҳанин навиштаҷоти «Хуш омадед» ва «Роҳи сафед» бо ҳарфҳои зарҳалӣ насб карда мешаванд. Болотар аз навиштаҷоти мазкур панҷараи дорои нақшу нигори миллӣ насб мегардад, ки он бозгӯи ҳунари волои ҳунармандони Исфара мебошад.
Ҳамчунин чароғонкунии ороишии иншоот дар назар дошта шудааст.








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






