Дар Москва бахшида ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия брифинги Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов барои намояндагони воситаҳои ахбори омма бахшида ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 гузаронида мешавад, доир шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, зимни брифинг роҷеъ ба раванди корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ, аз ҷумла оид ба номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот пешбарӣ гардидаанд, маълумот манзур шуд.
Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки айни замон дар Россия қарор доранд, ҷиҳати иштироки фаъоли онҳо дар интихобот, ки дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Имомуддин Сатторов иброз намуд, ки айни замон участкаҳои интихоботӣ дар минтақаҳои номбурдаи Россия барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошанд.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия










РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






