Дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ пул бо дарозии 20 метр сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ҳосилоти шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон пул бо дарозии 20 метр ва бари 8,4 метр сохта мешавад.
Тавре роҳбари сохтмон Абдусалом Аминов ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, пули мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби ширкати туркии «GARANTIALSAT GAYRIMANKUL YATIRIM A.S» бунёд мегардад.
Мавсуф зикр кард, ки «сохтмони пул то аввали соли 2021 ба итмом мерасад. Дар айни замон кор тибқи ҷадвал идома дорад. Ҳар рӯз сокинони даҳ маҳаллаи ҷамоати деҳа омада, дар сохтмони иншоот саҳм мегузоранд. Ҳамаи кумаккунандагон бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд».
Бояд гуфт, ки пули кӯҳна солҳои дароз дар ҳолати харобӣ қарор дошт. Сохтмони пули нав ба сокинон имкон медиҳад, ки бидуни мушкил ба дигар минтақаҳо сафар кунанд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






