Дар Шуғнон коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябр дар деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Коргоҳи мазкур бо таъсиси 7 ҷойи кор ба соҳибкор Нуралишо Саъдоншоев тааллуқ дошта, бо иштироки раиси ноҳия Ҷумъа Ҷумъазода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Шуғнон иқдом гирифтаанд, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар марказу иншооти замонавиро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таъмиру навсозӣ ва бунёд намоянд.








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






