Дастаи «Рамис-Испечак» пеш аз муҳлат Чемпиони Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Рамис-Испечак»-и шаҳри Душанбе ғалабаи 7-уми пайдарҳами худро ба даст оварда, пеш аз муҳлат Чемпиони Тоҷикистон миёни дастаҳои собиқадорон гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар даври сипаришуда дастаи собиқадорони «Рамис-Испечак» дар майдони худ дастаи футболи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 6 бар 5 мағлуб намуд. Дар бозиҳои дигар дастаҳои «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар «Давлат-Содиқ»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 5 бар 3, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Собиқадорон»и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:0 ва «Фирдавс-40» бар «Шери Восеъ»-и ноҳияи Восеъ бо натиҷаи 4:2 ғалаба намуданд.
Имсол бо сабаби хуруҷи бемории Ковид-19 Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорон бо системаи даврӣ дар як давр ҷараён гирифта истодааст. Бо касби 21 имтиёз ва дастнорас будан бар рақибон дастаи «Рамис-Испечак»-и шаҳри Душанбе аллакай унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Чемпионати Тоҷикистон. Байни собиқадорон . Даври 8-ум
«Собиқадорон» – «Равшан» – 0:3
«Хатлон» – «Давлат-Содиқ» – 5:3
«Рамис-Испечак» – «Хайр» – 6:5
«Фирдавс-40» – «Шери Восеъ» – 4:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
|
ДАСТАҲО |
Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Рамис-Испечак» (Душанбе) | 7 | 7 | 0 | 0 | 37-15 | 21 |
| 2 | «Хатлон» (Бохтар) | 7 | 5 | 1 | 1 | 34-17 | 16 |
| 3 | «Равшан» (Кӯлоб) | 6 | 4 | 1 | 1 | 17-13 | 13 |
| 4 | «Фирдавс-40» (Душанбе) | 7 | 3 | 2 | 2 | 19-12 | 11 |
| 5 | «Давлат-Содиқ» (Восеъ) | 6 | 2 | 2 | 2 | 10-11 | 8 |
| 6 | « Ҳосилот» (Фархор) | 7 | 2 | 1 | 4 | 11-20 | 7 |
| 7 | «Шери Восеъ» (Восеъ) | 8 | 1 | 2 | 5 | 14-25 | 5 |
| 8 | «Хайр» (Ваҳдат) | 7 | 1 | 1 | 5 | 16-26 | 4 |
| 9 | «Собиқадорон» (Душанбе) | 7 | 1 | 0 | 6 | 7-26 | 3 |
Беҳтарин нишонзанҳо: Баҳрулло Давлатов («Рамис-Испечак») – 9 тӯб, Шуҷоат Неъматов («Рамис-Ипечак»), Аъзам Абдуҷабборов («Хайр») 6- тӯбӣ ба нишон расониданд.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






