«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»-намоише, ки ба ифтихори 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шудааст

Октябрь 9, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 09.10.2020. /АМИТ «Ховар»/.  7 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон  (солҳои 1941-1945) таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиш оғоз гардид, ки он то 10 октябр  идома меёбад. Дар намоиш аз фонди  Осорхонаи миллии  Тоҷикистон 80 адад  нигораҳо, аз ҷумла намунаи аризаҳои пешниҳод намудаи ихтиёрини ҶДҶ Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ, Маҷитов Авғон ва  мактубҳои  Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба тамошо  гузошта шуданд.  Ҳамчунин дар намоиш дигар лавозимоти ҷангӣ, аз қабили сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, шинел, гимнастёрка, миёнбанд ва сумкаи саҳроии Фотеҳ Ниёзӣ, сумкаи тиббӣ  ва милтиқи Назира Умарова, дурбини иштирокчии ҷанг Чароғ Қодиров, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сӯрохшуда ва ба хун олудаи Амонов Р. гузошта шудаанд, ки солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобин меоранд.

Тавре  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи муҷассамаҳои  хотиравии  «Ақибгоҳ барои фронт», «Ватан – Модар даъват мекунад», «Ҷанговар-наҷотдиҳанда» ва  Пистолет — пулемёти Шпагин, намунаи соли 1942 — ро эҳдо намуданд, ки онҳо дар намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин дар намоиш 12 адад мусаввараҳои  рассомон, ки ба  мавзӯи  Ҷанги  дуюми ҷаҳон бахшида  шудаанд, пешниҳоди  тамошобинон мегарданд.

Намоиш бо ҳамкории муштараки Осорхонаи миллии Тоҷикистон,   Сафорати Федератсияи Россия ва намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар ифтитоҳи он намояндагони сафоратхонаҳои Беларус, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Пешниҳод шудани ордену медалҳоба намоиш аз далерию матонати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва заҳматҳои фаромӯшнашавандаи онҳо шаҳодат дода, боздиди онҳо ба тамошобин эҳсоси баланди ватандӯстӣ  мебахшад.

Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Бахшида ба ин ҳодисаи таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи алоҳидаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ба таври доимӣ фаъолият менамояд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши  «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»  дар Осорхонаи  миллии Тоҷикистон то 10 октябр доир мегардад.

Октябрь 9, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Дафтари ишқ»-и Камоли Хуҷандӣ ба забони немисӣ ба нашр расид
Муҳриддин Низомӣ: «Фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт»
Ба шарофати осори Сино тибби Аврупо аз таъсири астрология, сеҳру ҷоду халосӣ ёфта, ба маҷрои воқеан илмӣ даромад,-бардошт аз симпозиуми байналмилалӣ
Файласуфи маъруфи тоҷик Муҳаммадқул Ҳазратқулов даргузашт
Пагоҳ дар Душанбе Конфронси 7-уми байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» оғоз мегардад
МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов
НОБИҒАЕ, КИ ОСОРИ Ӯ ДОНИШМАНДОНИ МАЪРУФИ ШАРҚУ ҒАРБРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДАСТ. Ба муносибати бузургдошти 1040-солагии Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
МУБАЛЛИҒИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АВРУПО ВА АМРИКО. Агар умр вафо мекард, имрӯз профессор Манфред Лорентс ба синни 91 мерасид…
Дар Хоруғ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз шуд
«Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамаддуни онро муаррифӣ мекунад, забони ӯст»-бардошт аз машварати ҷумҳуриявӣ
Ба бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оила конференсияи назариявӣ доир гардид
Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид