ФУТБОЛ. «Равшан» пеш аз муҳлат ғолиби Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии даври 21-уми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи футболи «Равшан» хотима ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро мағлуб кард ва як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб дар мавсими соли 2021 ба Лигаи олӣ роҳхат гирифта буданд. Голҳои Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Умед Бадалов ва Сафаралӣ Каримов ба дастаи «Равшан» пирӯзӣ оварданд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар 21 бозӣ 51 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор дорад.
Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки 46 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд низ соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ гардидааст.
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо касби 38 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро ишғол мекунад. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқа маълум хоҳад шуд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод байни ҳам талош доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 25 октябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум
«Барқчӣ» – «Саройкамар» – 4:0
Голҳо: Муҳаммад Буризод, 20 (1:0). Файзиддин Назаров, 51 (2:0). Муҳаммадҷон Ризомов, 55 (3:0). Муҳаммад Буризод, 56 (4:0).
Аз майдон хориҷ шуд: Билолиддин Исматуллоев («Саройкамар»), 68 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозингари дидор: Муҳаммад Буризод («Барқчӣ»).
«Ҳосилот» – «Ваҳдат» – 2:0
Голҳо: Нурулло Маҳмудов, 70 – аз пеналтӣ (1:0). Муҳаммад Шерзода, 80 (2:0).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Саидалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук» – 4:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 67 (1:0). Ҳасан Рустамов, 80 (2:0). Аваз Қамчинов, 82 (2:1). Умед Бадалов, 86 (3:1). Сафаралӣ Каримов, 87 (4:1). Аваз Қамчинов, 89 – аз пеналтӣ (4:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).
«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод) – 3:3
Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 7 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (2:0). Бахтиёр Зарипов, 39 (3:0). Баҳровар Ҳалимов, 42 – аз пеналтӣ (3:1). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 82 (3:2). Дилшод Тағоев, 90+4 (3:3).
Беҳтарин бозингари рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).
«Панҷшер» – «Исфара» – 10:1
Голҳо: Саидакбар Юнусов, 2 (1:0). Саидакбар Юнусов, 15 (2:0). Шоҳин Ҷалилов, 22 – аз пеналтӣ (3:0). Хушбахт Назиров, 27 (3:1). Қиматшо Муъминшоев, 53 (4:1). Абдухалил Боронов, 57 (5:1). Саидакбар Юнусов, 60 (6:1). Қурбон Сайфиддинов, 61 (7:1). Хушбахт Миров, 69 (8:1). Сорбон Қурбонов, 84 (9:1). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 90 – аз пеналтӣ (10:1).
Беҳтарин бозингари сабқат: Абдухалил Боронов («Панҷшер»).
«Эсхата» – «Шоҳмансур» – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 21 | 17 | 0 | 4 | 72-36 | 51 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 21 | 15 | 1 | 5 | 57-31 | 46 |
| 3 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 21 | 11 | 5 | 5 | 59-27 | 38 |
| 4 | «Равшан» (Зафаробод) | 21 | 10 | 6 | 5 | 44-28 | 36 |
| 5 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 21 | 10 | 3 | 8 | 39-35 | 33 |
| 6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 21 | 9 | 3 | 9 | 37-36 | 30 |
| 7 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 21 | 9 | 1 | 11 | 40-38 | 28 |
| 8 | «Моҳир» (Ёвон) | 21 | 8 | 4 | 9 | 49-63 | 28 |
| 9 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 21 | 7 | 5 | 9 | 47-38 | 26 |
| 10 | «Саройкамар» (Панҷ) | 21 | 6 | 5 | 10 | 40-49 | 23 |
| 11 | «Исфара» (Исфара) | 21 | 6 | 1 | 14 | 30-60 | 19 |
| 12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 21 | 0 | 2 | 19 | 13-86 | 2 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 28 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 21 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18 тӯб.
Даври 22-юм
25 октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара»
«Шоҳмансур» – «Панҷшер»
«Ваҳдат» – «Эсхата»
«Ҳулбук» – «Ҳосилот»
«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб)








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






