Футболбозони то 14-солаи «Солор» Ҷоми Чемпионати Тоҷикистонро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон миёни футболбозони то 14-сола 10 даста- се даста аз шаҳри Душанбе, се даста аз вилояти Хатлон, ду даста аз вилояти Суғд, як дастаӣ аз шаҳри Ваҳдат ва ВМКБ иштирок намуданд. Рақобатҳо миёни дастаҳо 7 рӯз идома ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Пеш аз бозии марҳилаи ниҳоӣ дастаҳои «Суғд-2» ва «Хатлон» барои зинаи сеюми ифтихорӣ талош намуданд. Дар ин сабқат футболбозони навраси дастаи «Суғд-2» бо ҳисоби 2:1 бар ҳамтоёни худ дастболо гардида, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Барои медалҳои тилло ва Ҷоми Чемпионати Тоҷикистон миёни футболбозони то 14-сола ду мактаб: дастаи Душанбе — Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол ва дастаи «Солор»-и Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ба ҳам омаданд. Рақобати дастаҳо аз оғоз то анҷом ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи футболбозони «Солор» поён ёфт.
Дастаи «Солор» мавсими гузашта дар бозии ниҳоӣ мағлуб гардид ва натавонист ҷомро соҳиб шавад. Ба гуфтаи мураббии даста Алишер Тағоев онҳо ба ин мусобиқа давоми як сол омодагӣ диданд ва тавонистанд ба орзуи деринаашон бирасанд.
Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ дар фазои тантанавӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ футболбозон, мураббиён, собиқадорони футбол, намояндагони ФФТ, Директори Лигаи кӯдакону наврасони ФФТ, Раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Ҳамчунин зимни ҷоизасупорӣ беҳтарин бозингарони дастаҳо, беҳтарин нишонзан ва беҳтарин бозингар бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуданд. Дастаи «МҶМО» бо медали нуқра қадрдонӣ гардид. Дастаи «Суғд-2» бо нишони биринҷӣ мукофотонида шуд. Чемпиони мусобиқа- дастаи «Солор»-и Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ дар баробари медалҳои тилло инчунин Ҷомро низ соҳиб шуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






