Хоруғ: Нисбат ба 30 нафар соҳибкорон барои риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор санади маъмурӣ тартиб дода шуд
ХОРУҒ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони қисми 16-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади ошкор ва ислоҳ кардани баъзе мушкилиҳои вобаста ба бехатарӣ аз сӯхтор дар бозори марказӣ машқи тактикӣ доир намуданд.
Мошинҳои махсуси хадамоти мазкур ба маҳали машқи тактикӣ, воқеъ дар бозори марказӣ сари вақт расиданд. Ронандагон роҳро барои мошинҳои махсус холӣ карда, ба ҳаракати онҳо халал ворид намекарданд.
Нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят ҳар монеаро аз пеши мошинҳои махсуси оташнишонӣ бартараф мекарданд, то онҳо ҳарчӣ зудтар ба маҳали ҳодиса расанд. Аммо мошинҳо дар бозори марказӣ дар ҳар қадам ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешуданд. Роҳро то бозори марказӣ, ки каме бештар аз 3 километр аст, давоми панҷ дақиқа тай карданд, вале то ҷои «сӯхтор» дар бозори марказӣ, ки камтар аз 30 метр буд, баъди 48 дақиқа расиданд. Зеро соҳибкорон тамоми даромадгоҳу баромадгоҳро бо дӯконҳои худсохт банд карда буданд ва ба кормандони хадамоти оташнишонӣ зарур омад, ки вақти бештарашонро барои аз сари роҳ бардоштани молу колои соҳибкорон сарф кунанд. Соҳибкорон эрод мегирифтанд, ки чаро моро сари вақт огоҳ накардед, дар ҳоле ки сӯхтор метавонад ҳар лаҳза ва бе огоҳӣ рух диҳад.
Ба гуфтаи сардори қисми 16-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғ Убайди Гулаёз, “мо ҳамарӯза соҳибкорони ин бозорро ҳушдор медодем, ки роҳи мошингузарро банд накунанд, зеро ин бар зарари худи онҳост. Дар панҷ соли охир дар ин бозор се сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз соҳибкорон хисороти зиёди молӣ диданд. Бисёр соҳибкорон пас аз ин сӯхтор муфлис шуданд. Аммо дида мешавад, ки тоҷирон аз ин ҳодисаҳо хулосаи зарурӣ набаровардаанд”.
Сардори қисми 16-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғ гуфт, ки дар ин рӯз нисбат ба 30 нафар соҳибкорон барои риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор санади маъмурӣ тартиб дода, 20 фурӯшгоҳро барои мутобиқ набудани ноқилҳои барқӣ ба меъёри тасдиқшуда аз манбаи асосии неруи барқ ҷудо намуданд. Зеро бо фаро расидани фасли сармо истифода аз бухориҳои барқӣ шурӯъ мешавад ва агар вазъи ноқилҳои барқӣ чунин бошад, пас сар задани сӯхтор аз эҳтимол дур нест.








Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд






