Имрӯз бозии сеюми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 баргузор мешавад

Октябрь 24, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 24.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе, бозии сеюми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 байни «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бозӣ соати 18:00 оғоз мегардад. Пахши мустақими бозиро дар шабакаи телевизионии «Варзиш», инчунин дар Интернет дар платформаи MycujooTV ва вебсайти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошо кардан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби  мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти дастаи  футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд омад карду бо ҳисоби   4:3   ғолиб омад. Дар бозии дуюм дастаи  «Сипар» бо ҳисоби 6:2 бар дастаи   «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ғалаба  кард. Ҳарду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд. Ҳамин тариқ, дастаи  футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

 

АКС аз ФФТ

Октябрь 24, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид