Футбол. «Равшан» дар Чемпионати Тоҷикистон миёни наврасони то 15-сола ғолиб гардид

Октябрь 21, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи футболи   «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб дар Чемпионати Тоҷикистон  миёни наврасони то 15-сола ғолиби мусобиқа гардид. Чемпионати мазкур бо иштироки 10 даста дар ду марҳила доир гардид. Медалҳои тилло насиби дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб (мураббӣ Фаридун Рустамов) шуд. Медалҳои нуқраро дастаи футболи «Суғд» (мураббӣ Аҳрор Ғафуров) ва медалҳои биринҷиро дастаи МҶМОВ (мураббӣ Ҳасан Раҷабов) ба даст оварданд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хотиррасон мешавем, ки маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории чемпионат дар шаҳри  Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони мамлакат  Увайдо Давлатбеков ширкат карданд.

Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари дастаҳо дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозингари чемпионат ба Ҳайдаршо Худойдодов аз дастаи футболи   «Суғд»  тақдим гардид. Бо 21 гол Диловар Азизов  аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб беҳтарин нишонзан эълон шуд.

Ҷоизаи беҳтарин мураббиро Фаридун Рустамов (“Равшан”) аз худ кард.

Лигаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-15)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастӣ

ҶОЙ  ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  

Т-Т

 Х
 1  «Равшан»(Кӯлоб)  18  15  1  2  55-24  46
 2  «Суғд» (вилояти Суғд)  18  13  2  3  52-23  41
 3  МҶМОВ (Душанбе)  18  12  1  5  56-21  37
 4  «Ваҳдат» (Ваҳдат)  18  10  2  6  43-19  32
 5  «Зарбдор»Исфара)  18  10  0  8  31-34  30
 6  ММВЗО «Соро компания» (Душанбе)  18  7  3  8  55-40  24
 7  «Дӯстӣ»(Ҷайҳун)  18  6  0  12  38-36  18
 8  МҶМОВ-2 (Душанбе)  18  4  1  13  36-74  13
 9  «Хатлон» (Бохтар)  18  4  0  14  35-80  12
 10  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  18  4  0  14  25-75  12

 

Октябрь 21, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад