Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи «Гранд слам»-и Венгрия иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо ду паҳлавони шинохтаи тоҷик-Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков имкон пайдо намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалии Гранд слам ё «Тоскулоҳи бузург»-и шаҳри Будапешти Венгрия намояндагӣ кунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Мусобиқаи Гранд слами Венгрия 23-25 октябр дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад. Қаблан сомонаҳои варзишӣ хабар дода буданд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 нафар паҳлавонони шинохта- Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ширкат мекунанд. Аммо Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводид дастрас кунанд, Беҳрӯзи Хоҷазода бо сабаби лат бардоштан наметавонад дар ин мусобиқа иштирок кунад.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқаи Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 81 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард. Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд сламро рӯйдоди таърихӣ хондааст.
Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13 декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.








Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






