Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — Grand Slam Hungary бе иштироки паҳлавонони тоҷик сурат мегирад

Октябрь 22, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз  23 то 25  октябр дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи байналмилалии дзюдо  — Grand Slam Hungary бидуни варзишгарони тоҷик сурат мегирад. Тавре дар хабари қаблӣ иттилоъ дода будем, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд бояд Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг намояндагӣ мекарданд.

Вале, тавре аз Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар доданд, Комроншоҳи Устопириён бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ ба макони баргузории мусобиқа сафар карда натавонист. Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар бадани мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад. Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба дзюдо  баъд аз эҳёи рақобатҳо аз намуди дзюдо бе иштироки паҳлавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи  Гранд сламро  рӯйдоди таърихӣ хондааст.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад.  Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

Октябрь 22, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд