Мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар Хоруғ анҷом ёфт

Октябрь 13, 2020 16:17

 ХОРУҒ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни наврасону ҷавонон даври вилоятии мусобиқа аз намуди шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилоят хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 25  нафар шоҳмотбози беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Азиз Айдармамадов  гуфт, ки “пас аз таъсиси дарси шоҳмот дар муассисаҳои таълимии вилоят ин намуди варзиш давоми чанд соли охир дар байни кӯдакону наврасон ҳаводорони зиёд пайдо кард. Ба сабаби зиёд будани теъдоди шоҳмотбозон бо пешниҳоди ҳайати доварон онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардем. Ба гурӯҳи аввал шоҳмотбозони касбӣ шомил шуданд ва ба гурӯҳи дуюм наврасоне, ки ҳамагӣ чанд моҳ инҷониб ба бозии шоҳмот машғул ҳастанд. Барои ин гурӯҳи наврасон ширкат дар чунин мусобиқаи бонуфуз мояи ифтихор аст ва умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо шоҳмотбозони муваффақ пайдо хоҳанд шуд”.

Мусобиқаи мазкур бо пирӯзии 12 нафар шоҳмотбоз ба поён расид. Акнун ғолибон ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар арафаи Рӯзи Президент дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.

Октябрь 13, 2020 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид