Нурулло Лоиқов аз нав Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд

Октябрь 13, 2020 13:05

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии   ҳисоботию интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини дзюдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар  конференсия аъзои федератсия ва кумитаи иҷроия   дар ҳузури намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  якдилона Нурулло Лоиқовро аз нав Президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати  Ҷумҳури Тоҷикистон  ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Ҳамчунин дар раванди ҷаласа ноиби якум, ноибон, котиби генералӣ, директори генералӣ, раиси доварон ва Раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

Дар   конференсия   аъзои федератсияю кумитаи иҷроия ширкат намуда, аз рӯйи масъалаҳои   муайянгардида   гуфтушунид анҷом дода, дар баробари ин қарорҳои дахлдор    қабул карданд. Аз рӯйи масъалаи якуми маҷлис ноиби Президенти федератсияи дзюдо Парвиз Нориён   сухан гуфта, оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври солҳои 2017-2020 ҳисобот доданд.

Зикр шуд, ки яке аз барномаҳои муҳими федератсия- ин лоиҳаи дзюдо дар мактаб мебошад. Дар доираи ин лоиҳа мактабҳои ноҳияҳои дурдасти   мамлакат бо татами ва либосҳои варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия дасти кам 50 наврас машғули ин намуди варзиш гарданд.

Октябрь 13, 2020 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд