Оини ҷавонмардӣ: Маросими қабули савганди ҳарбӣ дар Гвардияи миллӣ

Октябрь 21, 2020 14:03

ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маросими қабули савганди ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳим дар хизмати ҳарбӣ ва лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти афсарону сарбозон маҳсуб мешавад. Дар ин росто, имрӯз  дар яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маросим тибқи анъанаи низомиён аз ворид намудани Байрақи ҷангӣ оғоз шуда, сипас бо қироати Суруди миллӣ идома ёфт. Дар ҷамъомади тантанавӣ беш аз 200 нафар наваскарон баъди хатми барномаи мукаммали таълимӣ дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ барои садоқат ба халқу Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ савганд ёд карданд.

Тавре аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  баъд аз қабули савганди ҳарбӣ наваскаронро муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллӣ-Сардори Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори гвардия Ҷонибек Ализода бо рӯзи таърихӣ ва лаҳзаи фаромӯшнашавандаи хизмати ҳарбӣ табрик намуда, ба онҳо хизмати содиқонаву софдилона, самаранок аз худ кардани машғулияти  таълимӣ ва дар роҳи хизмат ба Ватан комёбӣ, иродаи қавӣ ва ҷасорату мардонагӣ таманно  намуд.

Мувофиқи маълумоти Сарситоди Гвардияи миллӣ, маросими даъват ба хизмат дар Гвардияи миллӣ то имрӯз аз ҳисоби ҷавонони худшиносу ватандӯст 87 фоиз анҷом ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аксари наваскарон бо хоҳиши худ хизматро дар сафи Гвардияи миллӣ ихтиёр карда, аллакай оид ба тайёрии ибтидоии ҳарбӣ маълумоти муфассал доранд. Ҳамчунин  дар даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ нафарони зиёде баъд аз  хатми муассисаҳои олии мамлакат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин аз масъулияти баланди ватандӯстии онҳо дарак медиҳад.

Масъулияти ватандорӣ, ҳисси баланди ҷавонмардӣ ин наваскаронро барои аз худ намудани дарси мардонагӣ, ҷасорату шуҷоат ба ҳам овардааст, то ҳамеша барои ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва нангу ифтихори миллӣ омода бошанд.

Маросими тантанавии қабули савганди ҳарбиро гузашти низомии наваскарон таҳти оҳангҳои ҷаззобу мутантани оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ анҷом бахшид. Қабули савганди ҳарбӣ, хизмати содиқона ба Модар-Ватан нишони садоқат, ифтихору шарафмандӣ, камоли инсонӣ ва беҳтарин оини ҷавонмардонагист, ки аз насл ба насл ҳамчун мероси ниёгон боқӣ мемонад.

Октябрь 21, 2020 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид