Ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасони то 13-сола муайян шуд

Октябрь 20, 2020 14:01

ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон байни наврасони то 13-сола баргузор гардид. Дар маросим намояндагони ФФТ, роҳбарони Лигаи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон, собиқадорони футбол ва чеҳраҳои шинохтаи футболи мамлакат иштирок доштанд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Имсол дар ин мусобиқа 10 даста дар ду гурӯҳ миёни ҳам барои зинаҳои ифтихорӣ талош намуданд. Барои медалҳои биринҷӣ футболбозони дастаи Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 дастаи  Хатлони шаҳри Бохтарро мағлуб намуданд. Ду дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) оид ба футбол дар бозии ниҳоӣ ба ҳам омаданд. Ин вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи дуюми МҶМОВ, ки роҳбарияшро мураббии шинохтаи тоҷик Зайниддин Раҳимов ба дӯш дорад, хотима ёфт.

Имсол зинаҳои ифтихориро футболбозони шаҳри Душанбе соҳиб шуданд. Ҳамчунин иштирокчиёни беҳтарини мусобиқа низ бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.

Октябрь 20, 2020 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад