«Орзу-2026» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола гардид

Октябрь 21, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 18 то 20 октябр  дар Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар дараи  Алмосии шаҳри Ҳисор марҳилаи финалии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола доир гашт. Дар ин марҳила чор дастаи беҳтарини марҳилаи аввал–«Орзу-2026»-и Академияи ФФТ, «Ашт»-и ноҳияи  Ашт, «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб ва «ММВЗО»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат карданд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар асоси низомномаи чемпионат марҳилаи финалӣ тибқи системаи даврӣ дар як давра доир гардид. Холҳои дастаҳо, ки дар марҳилаи аввал ба даст оварда буданд, дар марҳилаи финалӣ ба ҳисоб гирифта шуданд.  Дар қисмати ниҳоии чемпионат бозингарони  Академияи ФФТ бар дастаҳои футболи  «Ашт» (5:0), ММВЗО (6:1) ва «Равшан» (3:1) ғалаба карда, медалҳои тиллоро ба даст оварданд.

Аз аввали мавсим шогирдони Рустам Қурбонов 19 бозӣ анҷом дода, дар 18 бозӣ пирӯз шуданд. Онҳо танҳо як бозиро мусовӣ карда,  55 хол ба даст оварданд. Медалҳои нуқра насиби футболбозони ҷавони «Ашт» гардид, ки 37 хол ҷамъ оварданд. Дастаи  футболи  ҷавонони «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ба даст овардани  36 хол соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

Хотиррасон  мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола дар Академияи ФФТ дар шаҳри  Ҳисор баргузор шуд. Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозингаронро муайян кард – Алиҷон Алиаҳмадов («Равшан»), Умед Муратов (ММВЗО), Сарвар Шодмонов («Ашт») ва Фатҳулло Олимзода («Орзӯ-2026»). Ҷоизаи беҳтарин мураббӣ ба Рустам Қурбонов («Орзӯ-2026») тақдим шуд. Абдулло Шарипов (МҶМОВ/ММВЗО), ки ба дарвозаи ҳарифон 31 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан, Кароматулло Боронов («Орзӯ-2026») беҳтарин бозингари чемпионат эълон гардиданд.

Октябрь 21, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод